Қадрдонии журналистон аз ҷониби шаҳрдори Хуҷанд

Март 11, 2016 10:52

Хуҷанд, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Дирӯз, 10 март дар мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони зиёда аз 60 воситаи ахбори оммавии электрониву радиоиву телевизионӣ, инчунин собиқадорони матбуот иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода журналистонро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо дар кишварамон намояндагони рӯзномаҳои давлатию хусусӣ дар шароити хубу фазои озод фаъолият мекунанд ва ин равандро мо дар вилояти Суғд низ баръало ҳис менамоем.
Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба эътимоди комил доштани мардум ба рӯзномаву расонаҳои чопӣ, аз ҷумла баён дошт, ки матбуот- ин ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум ба шумор рафта, пешбурди ҷомеаи имрӯза бе он имконнопазир аст, зеро нашру ривоҷи муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми соҳаҳо, чӣ бурунмарзиву чӣ хориҷӣ, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба ҷомеа пешниҳод мегардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони чорабинӣ доир ба нақшаю дурнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни фархунда- Наврӯзи ҷаҳонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ маълумот дода, ононро ба ҳамкории боз ҳам қавитар даъват намуд.
Р.Аҳмадзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҳамкории қавӣ ба қаламкашон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Март 11, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»