Ҷаласа ба хотири пешгирии бемории сил дар Кӯлоб
Кӯлоб, 26.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Ба хотири пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил дар шаҳри Кўлоб ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони соҳаи тиб, намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, перумони масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд.
Дар ҷаласа масъулин таъкид карданд, ки бо роҳи риоя кардани ҳолати санитарию эпидемологӣ метавон хурӯҷи ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла силро пешгирӣ кард.
Инчунин масъулин аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини доруворӣ ба беморони сил ибрози ақида намуда, баргузории ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ доир ба мубориза бар зидди бемории силро дар шаҳри Кўлоб ба манфиати кор ҳисобиданд.