Ғамхорӣ барои кӯдакон
Ҳисор, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Вақте ки корҳои омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор шурӯъ гардиданд, соҳибкор Мавҷуда Ҳакимова дар назди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳузури аҳли ҷомеа ваъда дод, ки ба ифтихори ин санаи фархунда ду кӯдакистони хусусӣ месозад ва яке аз аввалинҳо шуда, ин бинои ҳозиразамону ба тамоми талаботи зурурӣ ҷавобгӯро ба истифода дод, ки алҳол 82 кӯдак дар ин даргоҳи маърифат таълими ибтидоӣ мегиранд.
Маҳорати баланди кордонӣ, истеъдоди нодири ташкилотчигӣ, дили софу нияти нек ба Мавҷуда Ҳакимова имкон дод, ки дар иҷрои корҳои хайриявӣ на танҳо дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, балки қариб дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамчуни зани некдилу саховатманд ва ғамхору мададрасони мардум ном барорад. Ӯ дар муддати қариб 17 соли фаъолияти соҳибкорияш ба ҳазорҳо кӯдакону наврасони эҳтиёҷманд кумаки моддиву маънавӣ расонидааст.
Соҳибкори дурандеш Мавҷуда Ҳакимова мақсад дорад, ки то 1-уми сентябри соли равон бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ як муассисаи таҳсилоти ибтидоии хусусиро барои 240 нафар ба истифода диҳад.