Ҷамъомади тантанавӣ дар кумиҷроияи бахши суғдии ҲХДТ
Хуҷанд, 14.03.2016. (АМИТ “Ховар”).- Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони ВАО ва рӯзноманигорони собиқадор чорабинии тантанавӣ доир гардид. Сарфароз Юнусов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд қаламкашонро бо иди касбӣ табрик гуфта, ба онҳо қалами бурро ва дар иҷрои рисолати бузург-рӯзноманигорӣ бурдбориву муваффақият орзу кард. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки аҳли эҷоди ВАО бо неруи сухан ҳидоятгари мардум ба сӯи созандагӣ ҳастанд. Вай нақшу мақоми ВАО-ро дар пешрафти ҳаёти ҷомеа муҳим донист.
Зикр гардид, ки имрӯз рӯзноманигорон дар инъикосу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоиста дорад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ ба рисолат ва мақоми рӯзноманигор арҷ мегузорад. Роҳбарияти Кумиҷроияи бахши суғдии ҲХДТ бо аҳли эҷод суҳбати озод доир намуда, чун рамзи эҳтиром 20 рӯзноманигорро бо туҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.