Ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар ҳудуди партовгоҳи заҳркимиёвии Вахш
Вахш, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми феврали соли равон дар боғи навбунёди атрофи партовгоҳи заҳркимиёвии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ки масоҳати умумии он 5 гектарро ташкил мекунад, ҳашари умумии ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.
Ниҳолҳои мевадиҳанда асосан аз навъҳои гуногуни себ, зардолу, шафтолу ва гелос иборат буда, дар маҷмӯъ 1400 бехро ташкил доданд. Коршиносони соҳавӣ бар он назаранд, ки ниҳолҳои интихобшуда барои мавзеи номбурда мувофиқ буда, барои муҳофизати муҳити зист ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Барои нигоҳубини боғи бунёдгашта ва обёрии дарахтон зарфи обнигоҳдоранда ва хати обрасон ташкил гардид. Масъулини воҳидҳои сохтории вилоятӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҳолати сабзиши бенуқсони ниҳолҳои шинонидашудаи ба онҳо вобасташударо таъмин намоянд. Ба ғайр аз ин дар назар дошта шудааст, ки мавзеи навбунёд бо боғбону боғпарвари доимӣ таъмин шуда, обёрии чакрагӣ роҳандозӣ мегардад.