Ҷашни Рӯзи Модар дар шаҳри Ваҳдат
Ваҳдат, 09.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 450 нафар занҳои фаъоли шаҳр иштирок намуданд. Раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир модаронро бо рӯзи фархунда табрик гуфта, барояшон саодатмандию тандурустӣ таманно намуд ва ба занҳои фаъоли шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.