Баҳисобгирии муҳосибӣ омили асосии самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ

Март 14, 2016 16:51

Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Имрўз, 14 март дар кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзўи «Вазъи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар корхонаҳои истеҳсолӣ»баргузор гардид.
Дар семинар беш аз 50 мутахассис, олимон, унвонҷўёну магистрҳо иштирок намуда, дар мавзӯъҳои гуногун маърузаҳои худро пешниҳод намуданд. Дар семинар вазъи кунунии баҳисобгирии молиявӣ ва аудит дар корхонаҳои истеҳсолӣ, муаммо ва мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо ҳадафи таҳлилу мубоҳиса қарор гирифт.
Ректори донишкада профессор Қодирзода Диловар Баҳридин ҳозиринро бо вазъи кунунии баҳисобгирии муҳосибӣ дар ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаммоҳои ҷойдошта шинос намуд. Ҳамчунин мақсади баргузоршавии семинарро баён дошта, иштирокдоронро бо ҷаласаи пленарӣ ошно намуд.
Аз ҷониби даъватшудагон, профессори кафедраи иқтисодиёт ва идораи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Мирзобек Шобеков дар мавзўи «Баъзе аз ҷанбаъҳои такмили тавозуни муҳосибӣ», дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Р.Тоҳирова дар мавзўи «Проблемаҳои ташкили аудит дар корхонаҳои истеҳсолӣ», дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити ДСХ Б.Каримов дар мавзӯи «Баҳисобгирии грантҳо, маблағгузориҳои мақсаднок ва амволи ройгон гирифташуда» маъруза хонданд.
Дар интиҳои семинари илмӣ-назариявӣ иштирокдорони семинар тасмим гирифтанд, ки аз натиҷаи кори худ барои пешбурди баҳисобгирии мухосибӣ ва аудит дар ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ пешниҳоду тавсияҳои муфид таҳия намуда, ба вазорату идораҳои салоҳиятдор ахбор пешниҳод намоянд.

Март 14, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст