Бадахшон: Таҷлил аз рӯзи касбии кормандони мақомоти прокуратура

Март 15, 2016 09:25

Хоруғ,15.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар рӯзи касбии кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорон, кормандони соҳибтаҷриба ва ҷавони ин соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ ва прокурори вилоят бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои гаронбаҳо қадрдонӣ шуданд. Ба ин ифтихор дар шаҳри Хоруғ чорабинӣ доир шуд, ки дар он кормандони соҳа аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ буда, фаъолияти он барои таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ва давлат равона гардида, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад. Прокурори вилоят Асозода Дороб иброз дошт, ки Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояш зикр намуд, ки: «Прокуратура яке аз муҳимтарин низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааалуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандон назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад».
Ҳамчунин раиси вилоят низ кормандони соҳаро таҳният гуфта, зикр намуд, ки Прокуратура ба сифати мақомоти ҷазодиҳанда баромад намекунад , баръакс Прокуратура дар замони муосир яке аз аввалин ва самараноктарин мақомоти ҳифзкунандаи ҳуқуқ, таъминкунандаи волоияти қонун, инсофу адолат дар ҷомеа ва давлат ба шумор меравад.
Кормандони ҷавон низ дар чорабинӣ сухан гуфта, бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ омодагии хешро барои хизмати содиқонаву фидокорона дар роҳи Ватан ва таъмини волоияти қонун баён доштанд. Рамазони Хуршед — прокурори шуъбаи назорати умумӣ — ҳамчун корманди ҷавон иброз намуд, ки ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро ки зери номи ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир вазифаи ҷонии худ қарор бидиҳанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин бобати шароити муҳайёгардида, бунёду навсозии биноҳои прокуратураи шахру ноҳияхои вилоят, таъмин бо таҷҳизоти замонавӣ ва ташкили шароити беҳтари корӣ сухан рафт.

Март 15, 2016 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»