«Бо ту мефахрам диёрам»-мусобиқаи варзишӣ

Март 15, 2016 14:11

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба пешрафти соҳаи варзиш диққати ҳамаҷониба дода мешавад. Исботи гуфтаҳо он аст, ки дастаи баскетболбозони донишкада соли гузашта дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дастаи футболбозони донишкада ҳамасола дар мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ мақоми аввалро соҳиб мешавад.
Як соҳаи дигари варзиш, ки донишҷӯёни донишкада ба он майли бештар доранд, ин риштаи варзишии карате-до мебошад. Дар чемпионати Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд дар риштаи варзишии карате-до доир шуд, донишҷӯёни донишкада Мӯҳсинҷон Раҳматов ва Сӯҳробҷон Юсупов ширкат варзида, Мӯҳсинҷон дар вазни 55 килограмм бар ҳамаи рақибони худ аз Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дастболо гардида, сазовори медали тиллои мусобиқа гардид ва унвони чемпиони Осиёи Марказиро ба даст овард. Сӯҳробҷон Юсупов дар вазни 67 килограмм ба даври нимниҳоӣ баромада, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар мусобиқаи даставӣ Сӯҳробҷон сазовори медали нуқра гардид.
Дар доираи Соли фарди солим Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки ба хотири рушди соҳаи варзиш як майдончаи варзишии ҷавобгӯ ба талаботи муосирро ба истифода дода, ҳамзамон толори варзишии факултети муҳандисӣ-иқтисодиро таъмиру навсозӣ намояд.
Чанд моҳ инҷониб миёни устодон ва донишҷӯёни донишкада тамринҳо ба хотири саломатӣ ҷараён доранд. Устодон меъёрҳои варзиширо таҳти унвони «Бо ту мефахрам диёрам» супориданд. Онҳо дар давидан, сангбардорӣ, турниккашӣ, ҷаҳидан ва дигар намудҳо ҳунару малакаи худро нишон доданд.

Март 15, 2016 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст