Бори вазнини мураббигӣ
Душанбе, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди бохти дастаи мунтахаби кишварамон аз Австралия бо натиҷаи 7 бар 0 вазъи саломатиаш коҳиш ёфт ва ба Маркази миллии тандурустии шаҳри Душанбе интиқол дода шуд. Мутахассисони тиб ба мураббӣ дастур додаанд, ки аз футбол каме дур шуда, вазъи саломатии худро беҳтар гардонад. Аз ҳамин хотир дастаи мунтахаби кишварро дирӯз мураббии даста Роман Пилипчук ба тамрин ҳидоят кард.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар бозӣ бо тими мунтахаби Қирғизистон тағйирот ворид шудааст. Дарвозабонҳо Алишер Додов аз Регар ТадАЗ, Абдулазиз Маҳкамов аз Олой-и Қирғизистон, муҳофизатгар Ҳасан Рустамов аз Хуҷанд, нимҳимоятгарон Фатҳулло Фатҳуллоев ва Парвиз Умарбоев аз Истиқлол , Амирбек Ҷӯрабоев аз Барқчӣ ва Аҳтам Ҳамроқулов аз Вахш ба даста баргардонида шуданд.
Дар навбати худ панҷ бозингар: дарвозабон Қурбоналӣ Бобоев, муҳофизатгарон Аҳтам Назаров (ҷароҳат), Далерҷон Тухтасунов (кортҳои зард), ниҳимоятгар Фирӯз Қараев ва ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов дар бозӣ ширкат намекунанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






