Боздиди Марк де ла Фушардер аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Хуҷанд, 07.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Намояндагони Маркази фарҳангии «Бактрия»-и Сафорати давлати Фаронса таҳти роҳбарии Марк де ла Фушардер дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташрифи расмӣ оварданд.
Марк де ла Фушардер зимни суҳбат гуфт, ки мехоҳад дар заминаи донишгоҳ як Маркази фарҳангии Фаронсаро таъсис диҳад, то донишҷӯёну омӯзгорон аз фарҳангу маданияти аврупоии ин кишвари бузург ва иқтисоди пешрафтаи он бархурдор бошанд.
Ҳамчунин зимни суҳбат ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки дар заминаи марказ курсҳои кӯтоҳмуддати забони фаронсавӣ ба роҳ монда шаванд.