Бунёди мактаби нав дар Сафедоби Норак
Норак, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- 1 марти соли равон дар деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии №23, ки дорои се синфхона мебошад, ба истифода дода шуд.
Лоиҳаи бинои нав моҳи марти соли 2015 бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оғоз шуд. Бо ин мақсад аз буҷети маҳаллӣ 65 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Ҳамчунин соҳибкори маҳаллӣ Хуҷамурод Азимов ба маблағи 5 ҳазору 600 сомонӣ дар сохтмони бино кумак расонида, аҳолии деҳа ба сохтмони мактаб 1735 сомонӣ ҳисса гузоштанд.
Ҳоло дар муассиса 21 хонандаи синфҳои аз 1 то 4 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.