Дания дастаи таъйиноти махсуси худро барои мубориза бо ДИ ба Ироқу Сурия равон мекунад
Душанбе, 10.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дания доир ба фиристодани дастаи таъйиноти махсуси қувваҳои мусаллаҳи худ барои мубориза бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар Ироқ ва Сурия қарор қабул кард. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ин кишвар Кристиан Енсен дар мулоқот бо котиби давлатии ИМА Ҷон Керри эълом дошт.
Ӯ ёдовар шуд, ки ҳукумати Дания рӯзи ҷумъаи гузашта расман дар бораи иқдомҳои нави худ, ки ба ҷонибдории маъракаи зидди ДОИШ дар Ироқ ва Сурия равона шудаанд, эълон кард.
«Ҷумъаи гузашта мо қарор додем, ки кӯшишҳои худро дар мубориза бо ДОИШ тавсеа бахшем, тайёраҳои қиркунанда-бомбаандози F-16-и худро баргардонем ва неруҳои таъйиноти махсусро ба Ироқ ва Сурия равон созем, чунки мо медонем, ки мубориза бо ДОИШ душвор аст ва моро мебояд бо онҳо (ҷангиёни гурӯҳ) дар ҷое, ки қарор доранд, мубориза барем», — гуфт К. Енсен.
Илова бар ин, ӯ афзуд, ки: «мо бояд барои таъмини амният дар он минтақаҳое, ки аз он ҷо ДОИШ рафтааст, якҷоя кор кунем, то ки мардум тавонанд ба хонаҳои худ баргарданд, … то ки.. Ироқ ва Сурия тавонанд боз кишварҳои соҳибихтиёр гарданд».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






