Дастаҳои мунтахаби бонувони Шри-Ланка ва Малдив ба Тоҷикистон намеоянд

Март 17, 2016 10:09

Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки пештар хабар додем, дар мусобиқаи минтақавии Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 14-солаи духтарона, ки дар Тоҷикистон моҳи апрел мегузарад, дастаҳои мунтахаби 9 кишвар иштирок мекунанд. Аммо тибқи хабари охирин аз Конфедератсияи футболи Осиё дастаҳои мунтахаби бонувони Шри -Ланка ва Малдив аз ҳаққи иштирок дар ин мусобиқа даст кашидаанд ва бинобар ин дар натиҷаи қуръакашии нав дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Эрон, Қирғизистон ва Бутан вориди рақобат мешавад.
Дар гурӯҳи “Б” Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон бо ҳам мусобиқа меороянд.
Тибқи низомнома ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба бозии нимниҳоӣ роҳхат мегирад.
Таърихи баргузории бозиҳо низ тағйир ёфт ва он аз 26 апрел оғоз ёфта, то 1 май идома меёбад.

Март 17, 2016 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад