Ду кӯчаи Душанбе табдили ном карданд

Март 31, 2016 13:27

Душанбе, 31.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номи ду кӯча дар пойтахт иваз карда шуд. Кӯчаи Южно-обходнаяи пойтахт ба Зарнисор ва кӯчаи Павел Морозов ба номи Малик Ашӯров иваз карда шуданд.
Ин тадбирро шаҳрдории Душанбе бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷовидон гардонидани номи иштирокдори ҷанг Малик Ашӯров, ки дар майдони набард қаҳрамониҳои зиёд нишон додааст, амалӣ намуд.

Март 31, 2016 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш