Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар партави лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Чанде қабл дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Омилҳои инкишофи низоми ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқии инсону шаҳрванд ва таъмини манфиатҳои миллӣ дар партави лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки доираи васеи омўзгорон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. оғоз карда, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввари мазкур гузориш дод. Аз ҷумла, иброз намуд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳалаи имрўзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд.
Ҳамчунин дар кори конфронс муовини ректор оид ба илм, доктори имлҳои кимиё, профессор Сафармамадов С.М. вобаста ба лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия андешаашро иброз намуд. Сипас, аз рўйи рўзномаи барномаи мизи мудаввар маърўзаҳои устодони факултет Маҳмудов И.Т. номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар мавзўи «Ҷанбаҳои амниятӣ ва такмили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар партави лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қурбонализода Н.Ш., номзади имлҳои ҳуқуқ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзўи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия- асоси мукаммалгардонии ҳуқуқу уҳдарориҳо» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърўзаҳои хешро шарҳ доданд. Оид ба маърўзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тӯлонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар музокира устодони факултет Сангинов Д.Ш., Ғафуров А.Д., Сулаймонов Ф.С., Ғаюров Ш.К., Диношоев А.М., Сафарзода А.И. ва дигарон андешаҳои худро иброз доштанд.
Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокдорони мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд.
Дар маҷмўъ, кулли иштирокдорон аз лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пуштибонии амиқ намуда, иброз доштанд, ки ҳар нафари ватандўсту меҳанпараст дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки рўзи 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, ба ояндаи худ раъй медиҳад.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






