Фестивали шаҳрии «Либосҳои миллӣ» баргузор мешавад

Март 17, 2016 16:05

Хуҷанд, 17.03.2016. (АМИТ Ховар).-Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси Фестивали вилоятии «Либосҳои миллӣ» бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд Фестивали шаҳрии «Либосҳои миллӣ» баргузор мешавад.
Фестивал ба хотири эҳё ва ташвиқи либоси миллӣ байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, тарғиби матоъҳои миллии атласу шоҳӣ байни аҳолӣ доир мешавад. Барои гузаронидани фестивали шаҳрии «Либосҳои миллӣ» ҳайати кумитаи тадорукот, низомнома, нақшаи чорабиниҳо, хароҷот ва мукофотпулии фестивал тасдиқ шудааст. Фестивал 14 апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.

Март 17, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон