Гӯштин суннати қадимии Наврўз аст

Март 25, 2016 12:06

Хоруғ, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Мусобиқа аз намуди гӯштини миллӣ бо ширкати бештар аз 100 паҳлавон ва ҳазорон мухлис дар қасри варзиши шаҳри Хоруғ баргузор шуд. Ин сабқат бо ибтикори Раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар вилоят роҳандозӣ шуд.
Сардори раёсати мазкур Расо Раҷабов гуфт, ки ҷашни Наврўзро бе қувваозмоии паҳлавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Агарчи минтақаҳои ҳавзаи байналмилалии Наврўз бо расму маросими хосаашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд, аммо мусобиқаи гӯштин инҳоро ба ҳам наздик мекунад. Қариб дар аксарияти ин минтақаҳо мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор мегардад. Инро ба инобат гирифта, Пешвои миллат 22 мартро Рӯзи гӯштингирон эълон кард, ки барои минбаъд бештар ҷалб кардани ҷавонон ба ин намуди зебои варзиш такони хубе мебахшад.
Ба гуфтаи сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят бештари ҷавононе, ки имрўз дар арсаи байналмилалӣ кишвари моро муаррифӣ мекунанд, нахустин қадамҳои худро ба варзиш маҳз дар рўзи Наврўз гузошта буданд.
Шоҳҷоизаи мусобиқа насиби паҳлавон Самсон Зарифбеков гашт. Вай бар ҳарифи худ Рауф Зиёбеков дастболо шуд ва пирӯзиро аз они худ кард.

Март 25, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст