Голборон дар гурӯҳи Б
Душанбе, 25.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 ва Ҷоми Осиё- 2019 дар гурӯҳи Б дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун ба дарвозаи ҳарифонашон Тоҷикистон ва Бангладеш дар якҷоягӣ 15 гол заданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарини гурӯҳи Б дар мавсими футболи ҷаҳонӣ дар соли равон мебошад. Дастаи мунтахаби мамлакат дар муқобилият бо австралиягиҳо бозии хуб нишон дода натавонист, аниқтараш маҳорати волои тими мунтахаби Австралия имкон надод, ки бозингарони мо бо тӯб бозӣ кунанд. Дар натиҷа 7 голи беҷавоб ва бархӯрди зарбаҳо ба тиру сутуни дарвоза табъи мухлисонро хира кард.
Ба ҳамин тариқ, новобаста ба бозии охирин дар гурӯҳи А Арабистони Саудӣ ва АМА, аз гурӯҳи Б Австралия ва Урдун, аз гурӯҳи С Қатар ва Чин, аз гурӯҳи Д Эрон ва Уммон, аз гурӯҳи Е Ҷопон ва Сурия, аз гурӯҳи F Таиланд ва Ироқ, аз гурӯҳи G Корея ва Лубнон, аз гурӯҳи Н Узбекистон ва Кореяи шимолӣ муборизаро барои роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон, ки дар Русия соли 2018 баргузор мешаванд, идома медиҳанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии охирини худро рӯзи 29 март дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо тими мунтахаби Қирғизистон барпо мекунад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






