Х.Холиқназар: Ҳамкории Тоҷикистону Корея шароит фароҳам меорад, то имконоти бои иқтисодии Корея истифода шавад

Март 31, 2016 11:06

Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Ҳамкорӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея   шароит фароҳам меоварад, ки имконоти  бойи иқтисодии ин кишвар барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон  истифода шавад»,- гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназаров зимни машварати байналмилалии Корея- Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар Душанбе ба кори худ оғоз кард.
Машварати  байналмилалӣ таҳти унвони «Усулҳои вусъатбахшии ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии низоми иқтисодии Авруосиё» баргузор гардида, дар он директори бахши корҳои аврупоии ВКХ Ҷумҳурии Корея Чеол-Мин Пак, намояндаи Департаменти Аврупо, Амрико ва Авруосиё Ҷае-Йонг Ли, намояндагон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок доранд.
«Машварати  байналмилалии Корея Осиёи Марказӣ семинари муҳим буда, дар он масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ҷумҳурии Корея  барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Тавре ки  маълум аст, соли гузашта ҳангоми сафари Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ  Раҳмон  ба Корея сафорати Тоҷикистон дар Корея ифтитоҳ шуда, инчунин созишномаҳои муҳим дар мавриди таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба имзо расид. Имрӯз мо он созишномаҳоро амалӣ хоҳем кард.  Машварати имрӯза барои таҳкими ҳамкории байни Тоҷикистону Корея такони ҷиддӣ хоҳад дод»,- илова намуд Х.Холиқназар.
Дар назар аст, ки дар машварат масъалаҳои рушди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё ва Осиёи Марказӣ, ташаббусҳои Авруосиё ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Корея ва Осиёи Марказӣ дар фазои тағйирёбандаи иқтисодиёти берунӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Дар машварат маърӯзаи меҳмонони хориҷӣ ва коршиносонӣ дохилӣ дар мавзӯъҳои « Стратегияи ҷавобии Қазоқистон ва оқибатҳои сиёсии он», «Рушди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ», «Иттифоқи иқтисодии Авруосиё ва Қирғизистон», «Рушди стратегии Форуми ҳамкории Корея ва ОМ» шунида хоҳанд шуд.

Март 31, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд