Хуҷанд: Омодагӣ ба ҷашни Наврӯз
Хуҷанд, 07.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовинон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, идораҳои коммуналии ободонӣ, сабзазоркунӣ ва фаъолони шаҳр ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар ҷаласаи кор Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулини шаҳрдорӣ доир ба омодагиҳои корхонаю ташкилот ва муассисаҳои маркази вилоят пурсиш ба амал оварда, бобати вусъати корҳои ободию сабзазоркунӣ дастуру супоришҳо дода, иброз дошт, ки бо тарҳу ороиши махсус хиёбону гулгашт ва кӯчаҳои шаҳрро бо гулу лолаҳои рангоранг оро дода, биноҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳр рангубор карда шаванд.
Ҳамчунин тибқи супориши раиси шаҳри Хуҷанд насби шиору овезаҳо ва навиштаҷоти наврӯзӣ бояд то 15-уми март ба анҷом расида, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз шаҳр бояд комилан фазои идона ва симои наврӯзӣ дошта бошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






