Ифтитоҳи бинои нави дуошёна дар ШВКД ноҳияи Файзобод
Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-13-уми март вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Файзобод бинои нави иловагии дуошёнаро ифтитоҳ кард.
Бинои нав аз 14 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои фаъолияти кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва нозирони минтақавии милитсия пешбинӣ шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурии хизмат таъмин гардидааст. Ҳамзамон барои ҳайати шахсӣ дигар шароити маишӣ-хизматӣ, аз қабили ҳаммоми замонавӣ ва ҷойи тирпарронӣ ба истифода дода шудааст.
Зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Файзобод Рамазон Раҳимзода онҳоро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои беҳтар гардонидани шароити хизмати кормандони милитсия тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.