Ишкошим: даври дуюми «Ҷилваи ҳусн» ҷамъбаст гардид
Ишкошим, 17.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Ишкошим даври дуюми фестивал -озмуни ҷумҳуриявии « Ҷилваи ҳусн» ҷамъбаст гардид. Дар озмун тарроҳон, ҳунармандон, мардумшиносон, таърихнигорон ба ҳайси довар иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Гулдасташо Амирхонов зикр намуд, ки фестивали мазкур бо ибтикор ва тавсияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида истодааст. Ҳадаф аз он намоиши ҳунари волои тарроҳон ва ба ин васила тарғибу ташвиқ намудани либоси миллӣ ва тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш ва сифати тоза бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ мебошад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари рушди дигар соҳаҳои муҳими ҷомеа, ҳамчунин ба рушди фарҳанг ва пойдор намудани расму оинҳои гузаштагони миллат шароити нав муҳайё гардид. Дар ду даҳсолаи озодии комили ватан мероси фарҳангии ниёгон пурра эҳё гардид ва барои ҷаҳониён муаррифӣ шуд. Фестивал-озмуни «Ҷилваи ҳусн» низ бо ҳамин ҳадаф-яъне эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ, аз нав зинда намудани гулҳои матоъҳои даври антиқа, дар либосҳои расмӣ ва замонавӣ дарҷ намудани гулҳову ороишоти миллӣ дар қаламрави кишвар баргузор мегардад.
Дар озмун ҷавондухтарони ноҳия либосҳои расмиву замонавиро бо ороишоти миллӣ манзури доварон гардониданд. Ҳамзамон дар озмун ҳунари муҳрабофон, ҷӯроббофон ва таомҳои миллӣ низ пешкаш гардиданд.