Изҳори сипоси ҷавонон ба Пешвои миллат

Март 28, 2016 14:14

Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). —
Муҳтарам Пешвои арзандаи халқу миллат.
Мо, ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббати самимии беандозаи падаронаи Шумо, муҳтарам Пешвои миллат пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии Шумо дар роҳи созандагиву бунёдкории ватани биҳиштосоямон- Тоҷикистони азиз ҳастем.
Ҳар як қадами мубораки Шумо ба гӯшаҳои гуногуни кишвар ба дилҳо нур, ба қалбҳо сурур, ба ҷон қувват, ба замин ҳосилу баракат ва ба рӯзгори мардум хайру саодатро меафзояд.
Мо аз он ифтихормандем, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Шумо қарор дошта, таъсиси Шӯрои кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи олии ин гуфтаҳост.
Раванди ғамхории шабонарӯзии Шумо дар самти таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии кишвар, баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо дар ҷомеаи созандаи Тоҷикистон кони бузурги маънӣ ва хирадест, ки Шумо, муҳтарам Пешвои миллат барои насли пуриқболи ояндасози кишвари азизамон эҳдо намудед.
Маҳз ҷавонмардӣ ва ҷасуриву хиради азалии Шумо миллатро боз ба таърихи ҳазорсолаи он пайванд намуд.
Эҳёи арзишҳои миллии мо, аз қабили Наврӯзи хуҷастапай ва бо асолати Шумо ҷаҳонӣ гаштани он, имрӯз мо ҷавононро аз ҳарвақта бисёртар водор месозад, ки ба таърих, забон, расму оийн, анъанаҳои миллӣ ва махсусан озодиву мустақилияти хеш арҷ гузошта, бо зиракии сиёсӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва хештаншиносӣ онро ҳифз намоем.
Муҳтарам Пешвои миллат,
Ҳузури мубораки Шумо дар Корвони нахустини наврӯзӣ ва «Сайри Гули лола» дар вилояти Суғд як саҳифаи наверо дар пайванди ногусастанӣ доштани миллати тоҷик ба Шоҳроҳи бузурги Абрешим ва эҳёи нави он дар сарзамини қадимаи тоҷикон моро ба ҷаҳониён бори дигар ҳамчун кишвари тамаддунсоз муаррифӣ намуд.
Изҳори қаноатмандӣ ва баҳои Шумо ба ҷавонон, ки шумораи асосии чорабиниро ташкил медод, умеди нави зиндагӣ ва ҷасуриву матонатро дар қалби мо даҳчанд ҳувайдо намуд.
Дар давоми якчанд вақти омодагӣ ба Корвони наврӯзӣ мо, ҷавонон дар асл бо масъулияти баланд интизори Шумо, Пешвои миллат будем.
Суханони Шумо дар лаҳзаҳои наврӯзӣ барои мо ҷавонон як ҷаҳон қуввати хастанопазир ва созандаро ато намуда, масъулиятамонро дар назди имрӯз ва фардои миллат бемаҳдуд ва бамаротиб боло сохт.
Хушбахтии мо ҷавонон дар он аст, ки мо дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдилӣ ва якпорчагии ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, барои амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Шумо, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем.
Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориву садоқати падаронаи Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, мо ба 25- соли иқболи миллат арҷ гузошта, барои таҳкими сулҳу субот, амнияти пойдор, осудагӣ, фазои софу беғубори ватан ва созандагиву зиндагии шоистаи халқи тоҷик пайравии ҷавонмардонаи Шуморо идома дода, аз Шумо ифтихор менамоем ва барои созандагиву ободии Тоҷикистони маҳбуб ҷоннисорӣ менамоем.
Мо, ҷавонон ҷонибдори сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Шумо- Пешвои миллат будем, ҳастем ва мемонем.

Март 28, 2016 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид