Кӯлоб: Баргузории фестивали «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон»
Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 13 феврали соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади тарғиб ва оммавигардонии хониш, ташаккули малакаи мутолиаи китоб, тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ дар замири наврасон, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва мусоидат ба дарки неруи бузурги китобу мусиқӣ дар ҳаёти насли наврас даври навбатии Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар фестивал намоиши китобҳо, хулосаи библиографӣ, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, мулоқот бо адибон ва композиторон доир гардида, озмунҳои гуногун, аз қабили «Синфи китобдӯст», «Навоҳои дилангези кӯдакона», «Ромишгарони наврас», «Хонандаи фаъол» баргузор гардиданд. Ба ғолибон ҷоизаҳои фестивал — «Барои қироати беҳтарин», «Барои беҳтарин намоиши китоб», «Барои беҳтарин оҳанг», «Барои тарғиби фаъолонаи Фестивал», «Ромишгари ҷавон» ва «Мутриби ҷавон» супорида шуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






