Конфронси илмӣ- амалӣ дар ДДК
Кӯлоб, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат доштанд.
Дар конфронс ховаршинос Зафар Мирзоён доир ба таърихи Наврӯз бо овардани далелҳо аз «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём сухан гуфта, иброз дошт, ки байналмилалӣ гардидани ҷашни Наврӯз гувоҳи он аст, ки дар замони қадим ниёгони мо бо нияти нек ин ҷашнро асос гузоштанд, то паёмовари ваҳдату муҳаббат, таҳаммулгароӣ, покиву садоқат ва зебоиву нафосат бошад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз дар ДДК силсилаконфронсҳо баргузор мешаванд, ки ин метавонад сатҳи дониши донишҷӯёнро доир ба моҳияти таърихӣ доштани Наврӯз бештар кунад. Конфронси илмӣ- амалӣ идомаи ҳамин тадбирҳо буда, дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои ниёгон заминаи созгор хоҳад гузошт.