Консерти Афзалшоҳ Шодиев дар ноҳияи Ёвон
Ёвон, 09.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Рӯзи Модар дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон бо иштироки зиёда аз даҳ ҳазор нафар занону ҷавонон ва собиқадорони ноҳия консерти идонаи сарояндаи шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев баргузор гардид.
Зимни баргузории консерт раиси ноҳия Амирбеки Темур тамоми занону модарони ноҳияро бо Рӯзи Модар табрик намуда, ба занҳои фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.