Кордзанӣ аз ҳиссиёти авбошӣ
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). 28 март тахминан соати 23:30 сокини 35-солаи ноҳияи Данғара дар ҳудуди ноҳия бо ҳамдеҳаи худ марди 44-сола муноқиша намуда, сипас бо корди дар дасташ буда се маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ҳамчунин дирӯз кормандони милитсия писари ноболиғи 18-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи яке аз мактабҳои таҳсилоти умумиро бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда 25 март соати 10:30 дар назди мактаб аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди дар дасташ буда як маротиба ба бадани ҳамсоли худ, хонандаи дигари мактаби таҳсилоти умумӣ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.