Кумакҳои АНМН ба пиронсолон ва хонандагон
Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Чун анъана кумаки навбатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони Батоши шаҳри Турсунзода ва Литсеи махсуси касбӣ-техникии шаҳри Душанбе расид.
Ин дафъа бошандагони хонаи пиронсолон соҳиби маҷмӯи мизу курсӣ гардиданд.
Маҷрӯҳон ва пирони барҷомонда, ки сарнавишт онҳоро ба ин бошишгоҳ овардааст, беш аз ҳар вақти дигар ба муҳаббату ғамхорӣ ва парасторӣ ниёз доранд.
Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи расонидани кумаки моддӣ ба маҷрӯҳон ва собиқадорони ҷанг ва меҳнат, хона-интернатҳо, хонаводаҳои эҳтиёҷманд» аз соли 2001 инҷониб агентӣ ба хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони Батоши шаҳри Турсунзода ба маблағи бештар аз 100 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расонидааст.
Инчунин аз тарафи кормандони агентӣ ба Литсеи махсуси касбӣ-техникии пойтахт, ки дар он ҷо наврасони душвортарбия таҳсил менамоянд, кумаки хайриявӣ дар намуди маводи озуқаворӣ- орд, равған, биринҷ ва шакар расонида шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






