Л. Абдулхолиқзода: «Сарчашмаи оилаи солим муҳаббат ва меҳрубонист»

Март 4, 2016 13:53

Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.

Ба саволҳои мо ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода посух мегӯяд:

«Ховар»: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

Абдулхолиқзода: Рисолати зан-модари тоҷик дар ҳама давр покиву зебоӣ буд ва мемонад. Чунки зан бо покиву зебоиаш дар ҷомеа шинохта шуда, обрӯ пайдо мекунад. Якчанд омилҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд занро ҳамчун шахсият муаррифӣ намоянд ва аз нигоҳи ман ин омилҳо дар радифи покиву покдоманӣ ва зебоӣ боз содиқ будан, меҳнатдӯстӣ, софдилӣ ва масъулиятшиносист.

«Ховар»: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Абдулхолиқзода: Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба зан, модар ва ба неруи пешбаранда доштани он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин беасос нест, зеро аз зан- модар вобастагии аввалиндараҷа дорад, ки чӣ гуна фарзанд тарбият меёбад ва ба камол мерасад. Модар агар соҳибмаълумот ва бофарҳанг  бошад, фарзандро дар ҳамин рӯҳия тарбия менамояд. Чунки аввалин мураббӣ ва устоди фарзанд модар аст. Фарзанд аз модар аввалин алфоз, сухан ва муносибатро меомӯзад. Беҳуда гузаштагони мо нагуфтаанд: «Модар  чӣ гуна- фарзанд намуна». Пойдории оилаи солим, пеш аз ҳама, аз муносибати зан нисбат ба фарзандон, шавҳар ва атрофиён вобастагии комил дошта, он метавонад дар тарбияи фарзандон  ва дар рӯҳияи баланди меҳру муҳаббат, самимият, дӯстиву рафоқат,   бародарӣ, эҳтироми калонсолон, ватандӯстию ҷавонмардӣ  ва содиқ будан ба миллату сарзамин мусоидат намояд.

«Ховар»: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ?

Абдулхолиқзода: То ҷое мусаллам аст, дар даврони солҳои мустақилияти Ҷумҳрии Тоҷикистон, ки соли равон мардуми шарафманди кишвар 25-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд,  мақому мартабаи зан-модари  тоҷик хеле баланд гардидааст. Ин далели ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.  Танҳо дар давоми 24 соли соҳибистиқлолии кишвар 15 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани ҳуқуқ ва манзалати зан дар ҷомеа ба тасвиб расонида шуд, ки дар асри XX чунин санад ба тасвиб нарасида буд.

«Ховар»: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?

Абдулхолиқзода: Ҳангоме, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон суханони «занон ва бонувонро дастгирӣ намоед»-ро мешунавам, аз зан ва маҳз зани тоҷик буданам ифтихор мекунам.

«Ховар»: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

Абдухолиқзода: Миёни занону бонувони маълумоти олидошта ва хонашини бемаълумот тафовут калон аст. Ҳар як фард имрӯз аллакай худ дарк мекунад, ки то чӣ андоза зани бомаълумот аз дигарон фарқ мекунад, ҳатто аз мардони бемаълумот дида, бисёр масъалаҳоро дар ҷамоату маҳаллаҳо аз занони масъулиятшинос маслиҳат мепурсанд, онҳоро раисони ҷамоату маҳаллаҳо интихоб мекунанд. Зани бомаълумот дар ҷомеа бо одоби накую ҳамида, муошират, иффат ва дигар ҳулқу атвори писандида ва одоби накую ҳамида тафовут дорад. Оилае, ки дар он зан-модар  соҳиб маълумот аст, он оила оилаи  мустаҳкаму намунавӣ,  чӣ дар таълиму тарбияи фарзандон ва муносибат бо наздикону ҳамсояҳо арзёбӣ мегардад.

«Ховар»:Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо  чӣ тавр таъмин мекунед?

Абдулхолиқзода: Албатта, як сухани ноҷо метавонад тамоми рӯз фазои хонаро ноорому дилгиркунанда гардонад. Ҳар як зан бояд фазои хонаю оиларо идора карда тавонад, зеро дар ҳама ҳолат муносибати зан, самимият ва меҳрубонии ӯ метавонад фазои нооромро ба  фазои орому осоишта табдил диҳад. Дар ҳолате, ки шавҳар асабонӣ бошад, зани оқила метавонад бо як сухани ширин ва меҳрубонӣ ӯро ором гардонад, ё ин ки дар масъалаи тарбияи фарзандон танҳо зани ботамкину порсо метавонад онҳоро ба ҳам оварда, дар руҳияи дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқат ба камол расонад. Дар чунин хонаводаҳо ҳурмату эҳтироми ҳамдигар, арҷгузорӣ ба  волидайн ва атрофиён пойдор аст.

«Ховар»: Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик.

Абдулхолиқзода: Орзу дорам, ки зан-модари тоҷик фарзандони ба ору номусро ба дунё оварда, тарбият намояд, то ин ки ҳар як фарзанди тоҷик дар қалби худ ҳисси баланди ифтихор ба падару модар, миллату сарзамин ва Пешвои миллати худ дошта бошад. Дар ин ҳолат ягон нотавонбин ва бадхоҳи миллат наметавонад ба халқу ватани мо осеб расонад. Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони фарзона, бо нангу ор, далеру шуҷоъ ва матиниродаи миллати тоҷик ҳамеша дар ҳифзи марзу буми сарзамин  синаи худро сипар намудаанд. Имрӯз низ  ҷавонони баору номуси модари  тоҷик паи ободиву бунёдкорӣ камари ҳиммат баста, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини  сулҳу субот дар кишвар заҳматҳои шабонарӯзӣ мекашанд, то хонаи умеди ҳар яки мо-Тоҷикистони азиз доимо ободу осоишта бошад. Чунки хушбахтӣ ва сарбаландии ҳар як модар аз осоиштагӣ, осмони софу беғубор, хандаи тифлони маъсум, дӯст доштани марзу бум, ҳифзи ватан, ки барои ҳар як ҷавонмард вазифаи муқаддас ва шараф аст, сарчашма мегирад. Бошад, ки зан-модари тоҷик фарзандони вафодор ва содиқ ба халқу ватан тарбия намуда, ба камол расонад.

Ид муборак модарони сарбаланди тоҷик!

 

Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори  «Ховар».

 

 

 

Март 4, 2016 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030». Давоми чор соли фаъолияти он кадом натиҷаҳо ба даст омаданд ва чӣ мушкилот дар ин самт мавҷуд аст?
ИМРӮЗ-РӮЗИ АДВОКАТҲО. Асоси ислоҳоти ниҳоди адвокатураи Тоҷикистонро Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ташкил медиҳад
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд беш аз 100 намояндаи ВАО сабти ном гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд