Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон марҳилаи муҳими рушди иҷтимоию иқтисодиро тай намуд. Дар ин давра нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ, аз ҷумла Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, даромади аҳолӣ, ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ, савдои хориҷӣ ва сармоягузорӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, барои таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Оид ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, рушди саноат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, рақамикунонӣ ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ иқтисоди миллии Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни рушдро тай намуд. Муҳимтарин дастовардҳои иқтисодии мамлакат дар ин давра кадомҳоянд ва кадом нишондиҳандаҳои асосӣ метавонанд ин пешрафтро бозгӯйӣ намоянд?
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 бо қабули Эъломияи истиқлолият ба марҳилаи сифатан нави таърихӣ, интихоби роҳи мустақилонаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қадамҳои устувор гузошт.
Дар даҳ соли аввали Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати мамлакат талошҳои худро ба барқарор намудани зарари бесобиқаи ҷанги таҳмилӣ равона намуд. Танҳо аз соли 2000 Тоҷикистон ба раванди рушди иқтисодӣ ворид гардид. Яке аз вазифаҳое, ки дар назди Ҳукумати мамлакат ва мақомоти давлатӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гузошта шуд, ин муайян намудани ҳадафу афзалияти рушд ва барқарорсозии иқтисодиёти харобгашта ба ҳисоб мерафт.
Дар натиҷаи саъю талош ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардиданд. Бо оғози амалигардонии онҳо рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардида, ҳамзамон нуфузу эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта шуд.
Аз лаҳзаи аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат паст кардани сатҳи камбизотӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ муайян гардида буд. Дар ин замина дар самти таҳияи стратегия ва барномаҳои соҳавӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини устувории макроиқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Ба ҳолати 1 августи соли 2026, дар мамлакат 246 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла, он аз 14 консепсия, 35 стратегия, 129 барномаи соҳавӣ ва 68 барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иборат мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки низоми банақшагирии стратегӣ дар Тоҷикистон тадриҷан рушд ёфта, тамоми соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро фаро гирифтааст.
Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 26 соли Истиқлоли давлатӣ даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонӣ то 165 миллиард сомонӣ ё 165 маротиба ва ҳаҷми содирот аз 784 миллион доллари амрикоӣ то 2487 миллион доллари амрикоӣ ё 3,2 маротиба зиёд гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 19 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2200 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ, бахусус 2 агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», беш аз 4,1 ҳазор муассисаҳои нави таълимӣ, беш аз 5,2 ҳазор муассисаҳои нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Хусусан дар самти молияи давлатӣ бо назардошти андешидани тадбирҳои зарурӣ сиёсати самарабахш ба роҳ монда шуд. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 6,1 миллион сомонии соли 1991 то ба 60,3 милиард сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион то 10,7 миллион нафар, яъне 1,9 маротиба афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид. Дар 25 соли охир ҳаҷми музди миёнаи меҳнат 178 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 126 баробар афзоиш ёфтааст.
Зимнан ҳадди ақалли музди меҳнат дар соли 2000 ба ҳисоби номиналӣ 1 сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2026 ба 1300 сомонӣ баробар гардид. Ин нишондиҳандаҳо на танҳо рақам, балки далели равшани таҳкими иқтидори иқтисодии давлат ба ҳисоб мераванд.
Боиси ифтихор ва сарбаландии мо – тоҷикон аст, ки дастовардҳои замони истиқлолият ва ҳам ваҳдату якпорчагии миллат маҳз ба фаъолияти пурсамар, азму иродаи қавӣ ва ҷасорати бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлатамон дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба комёбиҳои беназир ноил гардидааст.
АМИТ «Ховар»: Дар оғози Истиқлолияти давлатӣ ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон чӣ қадар буд ва давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ ба чӣ нишондиҳанда расид?
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист иқтисоди миллиро аз низоми осебпазир ба иқтисоди устувор ва рӯ ба рушд табдил диҳад. Давоми 26 соли охир, яъне баъд аз низоъҳои мусаллаҳонаи даҳаи аввали солҳои соҳибистиқлолӣ рушди устувори иқтисоди миллӣ бо суръати миёна 7,7 фоиз таъмин гардид.
Яъне, Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то 176,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, қариб 100 баробар зиёд гардид.
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонии соли 2000 то 16,7 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 ё 58 маротиба афзоиш ёфт.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, «Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад». Дар робита ба ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ низ Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»: Дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсолоти саноатӣ дар кадом сатҳ қарор дошт ва имрӯз ин соҳа ба кадом нишондиҳандаҳо расидааст? Аз ҷумла, шумораи корхонаҳои саноатӣ, ҳаҷми истеҳсолот ва ҷойи нави кор дар ин давра чӣ гуна тағйир ёфт?
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Дар воқеъ, дар оғози соҳибистиқлолӣ базаи саноатии Тоҷикистон нисбатан маҳдуд буд. Соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард. Илова бар ин робитаҳои технологии корхонаҳо асосан ба низоми ягонаи иқтисодии Иттиҳоди собиқ Шуравӣ вобаста буданд ва солҳои аввали Истиқлол бо сабаби канда шудани робитаҳои иқтисодӣ ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ қисми зиёди иқтидори истеҳсолӣ фаъолияти худро коҳиш дод. Имрӯз вазъият куллан тағйир ёфтааст.
Соли 2025 шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии фаъол ба 3972 адад расид. Яъне дар муқоиса бо соли 1991 шумораи иқтидори истеҳсолӣ беш аз 11 баробар зиёд гардидааст. Дар баробари афзоиши шумораи корхонаҳо сохтори саноат низ тағйир ёфт. Имрӯз саноати Тоҷикистон соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургия, мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти металлӣ ва дигар самтҳоро фаро мегирад.
Танҳо соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 66 миллиарду 726,1 миллион сомонӣ расид. Суръати афзоиши саноати истихроҷ 36,2 фоиз ва саноати коркард 10,5 фоизро ташкил намуд. Соли 2025 дар мамлакат истеҳсоли 366 навъи маҳсулоти саноатӣ, ба монанди консентрат ва металлҳои руҳ, сурма, мис, нуқра, тилло, сурб, мошинҳои кишоварзӣ, телевизор, мототсикл, ҳавополон, автобусҳои барқӣ ва дигар намуди маҳсулот ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба соли 1991 266 навъи маҳсулот зиёд мебошад. Аз нигоҳи шуғл низ натиҷа назаррас буда, танҳо дар солҳои 2019–2025 дар корхонаҳои нави саноатӣ зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор, аз ҷумла соли 2025 тақрибан 17 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шудааст.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри 2025) Ҳукумати малакатро вазифадор намуданд, ки рушди воқеии солонаи соҳаи саноат дар панҷ соли минбаъда дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин гардад. Аз ин рӯ, марҳилаи минбаъда бештар ба коркарди пурраи ашёи хоми кишоварзӣ, маъдану металлҳо, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, рақамикунонии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф равона карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Дар 35 соли истиқлолият барои рушди соҳибкорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ чӣ гуна шароит фароҳам оварда шуд?
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Шуруъ аз охири солҳои навадуми асри гузашта ислоҳоти сохторӣ ва иқтисодӣ тавассути қабул ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оғоз гардид. Бо роҳи ташаккули бахши хусусӣ, дастгирии фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои молиявию бонкӣ амалӣ карда шуданд.
Бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ низоми «равзанаи ягона» ва усулҳои рақамикунонӣ марҳила ба марҳила ҷорӣ карда шуданд. Ин ба содагардонии расмиёти маъмурӣ, коҳиш ёфтани муҳлатҳои баррасии ҳуҷҷатҳо ва баланд гардидани сатҳи шаффофият мусоидат намуд. Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул гардид.
Илова бар ин ислоҳот оид ба такмили қонунгузории самти низоми иҷозатдиҳӣ, рақамикунонӣ ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳо марҳила ба марҳила амалӣ карда шуд.
Бахусус талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар доираи як санад, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дар таҳрири нав танзим гардид. Номгӯйи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ аз 208 номгӯй ба 164 номгӯй ва мақомоти иҷозатдиҳанда то 30 мақомот коҳиш дода шуд.
Ин тадбирҳо дар баробари содагардонии равандҳои иҷозатдиҳӣ, сарбории маъмуриро барои субъектҳои соҳибкорӣ ба таври назаррас коҳиш дод. Сатҳи шаффофият ва самаранокиро баланд бардошта, барои рушди устувори соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оварда истодаанд.
Бо назардошти идомаи ислоҳот дар соҳа санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида шуда, шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 то ба 23 адад кам карда шуд. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯйи таваккал (хавфнокӣ), тибқи нақшаи мувофиқашуда бо Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва бо назардошти мавзуъҳои санҷишии дар қонунгузорӣ муқарраршуда ба роҳ монда шуд.
Ҳамин тариқ, тибқи арзёбии ташкилоти байналмилалӣ Тоҷикистон 4 маротиба ба қатори кишварҳои пешсафи ислоҳотгар дар самти беҳтар намудани фазои сормоягузорӣ ва соҳибкорӣ дохил гардид.
Дар натиҷаи ислоҳоти амалинамуда шумораи субъекҳои хоҷагидори амалкунанда аз 276 ҳазори соли 2015 ба 381 ҳазор адад дар соли 2025 расонида шуд. Аз ин шумора 345 ҳазорро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба 10 соли пеш 101 ҳазор адад зиёд гардидаанд.
Дар айни замон ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз баробар гардида, ҳоло 70 фоизи шуғли аҳолӣ дар мамлакат ба ин бахш рост меояд.
АМИТ «Ховар»: Нақши сармоягузории дохилӣ ва хориҷиро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Дар ин давра ба иқтисоди миллӣ чӣ қадар сармоя ворид гардида, кадом соҳаҳо бештар таваҷҷуҳи сармоягузоронро ҷалб намуданд?
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Бо фароҳам овардани фазои мусоиди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат беш аз 30 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории хориҷӣ ҷалб шудааст, ки 7,5 миллиард доллар ё 25 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, ҷалби сармоя барои рушди истеҳсолот, ташкили инфрасохтори муосир, навсозии иқтидори мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Дар сохтори сармоягузориҳои ҷалбгардида, соҳаҳои саноат, энергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, нақлиёт ва инфрасохтор, сохтмон, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин хизматрасониҳо аз самтҳои муҳимтарини таваҷҷуҳи сармоягузорон ба ҳисоб мераванд.
Солҳои охир таваҷҷуҳи сармоягузорон ба саноатикунонӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат, энергетика, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ бештар гардидааст. Ин раванд ба зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии давлат ва ташкили ҷойи нави кор мусоидат мекунад.
Дар марҳилаи имрӯза сиёсати давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба он равона шудааст, ки на танҳо ҳаҷми сармоягузориҳо зиёд карда шавад, балки сифати сармоягузорӣ низ беҳтар гардида, сармоя бештар ба соҳаҳои истеҳсолӣ, технологияҳои муосир, коркарди амиқи ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру содиротӣ равона карда шавад.
Ҳамин тариқ, дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ сармоягузории хориҷӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимми рушди иқтисодӣ хизмат намуда, дар ташаккули иқтидори истеҳсолӣ ва инфрасохтории кишвар саҳми назаррас гузоштааст.
АМИТ «Ховар»: Яке аз самтҳои муҳимми иқтисоди муосир рақамикунонӣ мебошад. Тоҷикистон дар ин давра дар самти ташаккули иқтисоди рақамӣ ба кадом натиҷаҳо ноил гардид ва имрӯз кадом иқдомҳо барои гузариш ба иқтисоди рақамии муосир амалӣ мегарданд?
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Бо мақсади рушди иқтисоди рақамӣ дар мамлакат, ки яке аз самтҳои иловагии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки аз се марҳила иборат мебошад.
Барои татбиқ намудани марҳилаи якуми ин консепсия, ки солҳои 2021 -2025-ро ташкил медиҳад, «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар доираи он корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ воҳиди сохтори алоҳида таъсис дода шуда, сипас ислоҳот дар самти рушди иқтисоди рақамӣ гузаронида шуд. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024 ба фаъолият шуруъ намуд.
Дар назди ин агентӣ Ҷамъияти cаҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ», Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис ёфтаанд.
Инчунин бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид барои дастгирӣ ва рушди ширкатҳои соҳавии технологияҳои иттилоотӣ, IT-Парк дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд, ки бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар он 78 субъект ҳамчун резидент ба қайд гирифта шуд. Айни ҳол дар таҳияи маҳсулоти барномавии ватанӣ фаъолият доранд.
Барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти соҳаи иқтисоди рақамӣ дар мамлакат имрӯз 5 қонун, 34 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 50 санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тағйироти бавуҷудомада мутобиқ гардонида шудаанд.
Солҳои охир барои рақамигардонии соҳаҳои мухталиф 22 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла 3 консепсия, 4 стратегия ва 15 барномаҳои соҳавӣ қабул гардида, беш аз 11 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ то ҳол мавриди амал қарор доранд.
Бо мақсади эътирофи саҳми арзандаи мутахассисони соҳа дар пешбурди сиёсати давлатии рушди иқтисоди рақамӣ тибқи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор 21 апрели соли 2026 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ муайян гардидааст. Ҳамзамон бо мақсади рушди самтҳои соҳаи иқтисоди рақамӣ «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ва дигар барномаҳои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қабул гардиданд.
Дар ин замина бояд гуфт, ки яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ ҳукумати электронӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷа Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — khizmat.ehukumat.tj ҷорӣ гардид. Ба ҳолати шаш моҳаи соли 2026 номгӯи 116 адад хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ дастрас мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ Маркази хизматрасонии давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо қабули ҳузурии шаҳрвандон таъсис дода шуд. Имрӯз дар мамлакат Портали ягонаи давлатӣ (ehukumat.tj) фаъолият намуда, дар он сомонаҳои 94 мақомоту ташклоти давлатӣ ҳамгироӣ карда шудаанд.
Ҳамзамон низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) таҳия карда шуда, дар беш аз 2980 мақомоту ташкилоти давлатӣ ва зерсохтори онҳо ҷиҳати таъмини мубодилаи мукотибот бе истифодаи коғаз фаъолият доранд, ки ба 24000 нафар истифодабаранда дастрас мебошад.
Дигар самти асосии рушди иқтисоди рақамӣ ин зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад, ки истифодаи он ба яке аз омилҳои муҳими рақобатпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва иқтисодиёт табдил ёфтааст. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсус таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид, ки дар доираи он таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст.
Инчунин барои рушди самти зеҳни сунъӣ дар мамлакат Маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии «Darya AI» дар ноҳияи Дарвоз ва Маркази рушди зеҳни сунъӣ дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ ёфтанд. Ҳамзамон якчанд платформаи зеҳни сунъӣ ба роҳ монда шуда, татбиқи онҳо тариқи стартапҳо Зипл Холдинг ва Area AI идома доранд. Академияи омӯзиши зеҳни сунъӣ таъсис ёфт, ки то имрӯз зиёда аз 1000 нафар мутахассисиони ҷавонро тарбия кардааст. Айни замон ин академия пурра аз ҳисоби Ширкати зеҳни сунъии «Зип Холдинг» сармоягузорӣ мешавад.
Ҳамзамон 31 августи соли равон дар таърихи сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳим ва ифтихорбахш сабт гардид. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод»-ро қабул намуд. Тибқи он, аз соли 2027 сар карда, ҳамасола 31 август дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил хоҳад гардид. Қабули ин қатънома идомаи сиёсати пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва дар айни замон истифодаи масъулонаю инсонмеҳвари дастовардҳои технологӣ мебошад.
Инчунин истифодаи ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ босуръат афзуда, шумораи умумии онҳо ба 19,7 миллион адад расид. Дар ин замина аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаю ташкилоти давлатӣ, ҳамагӣ 15 ҳазору 496 адад терминали электронӣ насб карда шудааст, ки аз онҳо 9425 адад POS-терминал махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади дастрасӣ пайдо намудан ба пардохти ғайринақдӣ новобаста аз замимабарномаҳои рақамии бонкҳо аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 33 ҳазору 620 QR-рамзи ягонаи бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқашуда насб гардидаанд. Танҳо дар шаш моҳи соли 2026 бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 198,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 93,4 миллиард сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯйи шумора 95 фоиз ва аз рӯйи ҳаҷми амалиёт 36,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Инчунин дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти рақамигардонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ як қатор корҳои назаррас иҷро гардидааст. аз ҷумла:
– дар соҳаи тиҷорати электронӣ соли 2019 Портали савдои Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар он маълумоти муфассал оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар шакли электронӣ пешниҳод гардидааст. Айни замон беш аз 740 ҳазор шаҳрвандони 140 кишвари ҷаҳон аз ин портал истифода бурданд;
– аз соли 2020 инҷониб Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 11 мақомоти марбута фаъолият дорад;
– дар 5 дидбонгоҳҳои наздисарҳадии гумрукӣ камераҳои ҳушманд, аз ҷумла камераи сабти рақамҳои воситаҳои нақлиёт (LPR) ва камераи назоратӣ (PTZ) насб шудаанд;
– дар дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ низоми моделсозию дурнамосозӣ, иҷозатномадиҳӣ, бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, роҳхат ва борхатҳои электронӣ, низоми биллингии пардохтҳои неруи барқ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ, низоми электронии амалиёти молиявии SGB-net ва таъсиси утоқи шахсии андозсупоранда барои пардохти электронии андозҳо, Маркази миллии тестии рақамӣ, низоми ягонаи рақамии иттилоотии идоракунии тандурустӣ, барориши шиносномаҳои хориҷию дохилӣ ва e-visа, барномаи махсус барои мутамарказ намудани феҳристи нафақагирон ва ба таври худкор таъин намудани нафақа рақамӣ гардонида шуданд. Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе шаҳри ҳушманд бо низомҳои рақамии хизматрасониҳои мусофиркашонӣ, маориф (е-Дониш), тандурустӣ (е-Тиб), камераҳои шаҳри бехатар ва дигарҳо ҷорӣ карда шуданд.
Дар айни замон барои татбиқ намудани марҳилаи дуюми «Консепсияи иқтисоди рақамӣ» «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид. Ин барнома фарогири такмили асосҳои ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ (аз ҷумла шабакаҳои 5G ва марказҳои коркарди маълумот), рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ, таҳкими амнияти киберӣ ва густариши соҳибкории рақамӣ буда, тавассути 124 чорабинӣ амалӣ мегардад.
АМИТ «Ховар»: Давоми 35 соли истиқлолият вазъи савдои хориҷии Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфт? Ҳаҷми содироту воридот дар оғози соҳибистиқлолӣ чӣ қадар буд ва имрӯз ба кадом нишондиҳанда расидааст? Барои афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ва ворид шудан ба бозорҳои нави байналмилалӣ кадом тадбирҳо амалӣ карда мешаванд?
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронида, содагардонии расмиёти савдо ва таъмини бархурдорӣ аз низоми савдои бисёрҷониба якчанд корҳо амалӣ гардиданд.
Тибқи маълумоти омори гумрукӣ, соли 2025 нисбат ба соли 1991 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 10,8 миллиард доллар ё рушди он 82,3 маротиба таъмин гардида, содирот дар ин давра 2,5 миллиард доллар ё 36,6 маротиба афзоиш ёфт.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ сохтори воридот аз молҳои ашёи хом ва истеъмолӣ ба воридоти техника ва технологияи муосир ва маҳсулот барои коркард ва рушди саноати миллӣ ташаккул дода шуда, ҳаҷми воридот ба 8,3 миллард доллар ё 131 маротиба афзоиш ёфт.
Соли 2006 Тоҷикистони соҳибистиқлол бо мақсади рушди ҳаҷми содирот бори нахуст «Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015»–ро қабул намуд, ки барои баланд бардоштани самаранокии иқтидори содиротӣ ва суръатбахшии рушди иқтисодӣ замина гузошт. Барои рушди ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ватанӣ «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва ду «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва 2026- 2030 қабул намуд. Ҳоло тибқи таҳлилҳо, дастовардҳо дар самтҳои афзоиши бесобиқаи гардиши савдои хориҷӣ, дигаргунсамтии сохтори содирот, васеъ гардидани ҷуғрофияи робитаҳои иқтисодӣ, рушди инфрасохтори тиҷоратӣ ва логистикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ба таври назаррас арзёбӣ мегарданд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ сиёсати дастгирии истеҳсолоти миллӣ тавассути пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои таҷдиди техникӣ ва технологӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолот ва таъсиси ҷойи нави кор ба роҳ монда шуд. Танҳо дар ду соли охир воридоти технологияҳо ба мамлакат беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки минбаъд барои рушди иқтисоди рақамӣ заминаи мусоид фароҳам мегардад.
Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат тадбирҳоро дар самти сертификатсияи байналмилалии маҳсулот ва мутобиқсозии он ба стандартҳои «Halal» ва «ISO» васеъ намуд. Барои ворид шудани молҳои истеҳсоли ватанӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҷуғрофияи савдои хориҷии кишварро то беш аз 128 давлатҳои ҷаҳон васеъ намуд.
Инчунин 10 декабри соли 2012 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Ламӣ Протоколи дохилшавии Тоҷикистон ба ин созмон ба имзо расонида шуд. 2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфуз гардид.
Ҳамзамон тибқи раддабандии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) Тоҷикистон ба қатори 3 кишвари пешсафи ислоҳотгари соҳаи савдо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар рейтинги Business Ready дар байни 101 иқтисоди беҳтарини давлатҳои ҷаҳон қарор гирифт.
АМИТ «Ховар»: Дар 35 соли истиқлолият бо мақсади баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ кадом лоиҳаҳо татбиқ гардиданд ва онҳо ба рушди минтақаҳо, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд гардидани иқтидори истеҳсолии мамлакат чӣ таъсир расониданд?
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ташаккули шабакаи ягонаи нақлиётии мамлакат мебошад. Рушди роҳу нақлиёт имконият фароҳам овард, ки минтақаҳои мамлакат бо ҳам пайваст гардида, Тоҷикистон тадриҷан ба долони муҳими транзитии минтақавӣ табдил ёбад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи беш аз 62 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо арзиши умумии 2,56 миллиард доллари амрикоӣ зиёда аз 2762 километр роҳ, 274 пул, 6 нақб ва 219 километр роҳи оҳан сохта ва ба истифода дода шудаанд.
Танҳо соли 2025 дар доираи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳ ва дигар иншооти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба истифода дода шуданд. Ба онҳо роҳҳои Обигарм–Нуробод ва Роғун бо дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб–Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пул, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма бо дарозии 13 километр дохил мешаванд. Айни замон татбиқи 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ барои рушди роҳу шоҳроҳҳо идома дорад.
Рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба афзоиши мустақими фаъолияти иқтисодӣ низ мусоидат кард. Соли 2025 тавассути ҳама намуди нақлиёт қариб 155 миллион тонна бор интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 15,2 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари роҳу нақлиёт, таъсиси дигар иқтидорҳои нави саноатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таҷдиди фурудгоҳҳо низ аҳаммияти стратегӣ доранд.
Ҳамзамон барои нигоҳдории роҳҳо техникаю таҷҳизоти нав, нуқтаҳои вазнченкунии воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва низомҳои назорати бехатарӣ ҷорӣ карда шуданд. Дар натиҷаи таҷдиду навсозии роҳҳо мавқеи Тоҷикистон тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ аз рӯйи нишондиҳандаи сифати роҳҳо аз зинаи 50 дар зинаи 44 қарор гирифт, ки 6 зина беҳтар мебошад.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар баробари дастовардҳои назаррас кадом мушкилоту масъалаҳои иқтисодӣ бештар таваҷҷуҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ҷалб мекунанд ва барои ҳалли онҳо кадом тадбирҳо пешбинӣ шудаанд?
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Бо назардошти он ки имрӯз Тоҷикистон тадриҷан аз иқтисодиёти асосан ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсолию инноватсионӣ қадам мегузорад, дар баробари дастовардҳои назарраси иқтисодӣ Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои дигаргунсамтии иқтисоди миллӣ, рушди саноати коркард, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи иқтидорҳои зеҳнию илмӣ, самаранок истифода намудани захираҳои мавҷуда, гузариши пурра ба иқтисоди «сабз» ва иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи технологияҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Ҳамзамон ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ аз самтҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Ҳадафи асосӣ таъмини рушди сифатнок ва фарогир, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ мо пайваста кӯшиш менамоем, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти рушди иқтисод сари вақт иҷро намуда, марҳила ба марҳила барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузориҳо тадбирҳои зарурӣ андешем.
Мусоҳиб Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Кормандони «Саноатсодиротбонк» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд






