Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 35 соли Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон марҳилаи таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувори мамлакат гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ҳамсуҳбат гардид, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
АМИТ «Ховар»: 35 соли Истиқлолияти давлатӣ барои таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад?
Д. Аҳмадзода: Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки оғози марҳилаи нави ташаккули давлатдории миллии муосир, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар гардид. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пурпечутоби давлатсозиро тай намуда, пояҳои давлатдории миллӣ, низоми ҳуқуқӣ, институтҳои давлатӣ ва мавқеи байналмилалии худро таҳким бахшид.
Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бунёд созанд.
АМИТ «Ховар»: Дар раванди ташаккули давлати соҳибистиқлол кадом санадҳои сиёсиву ҳуқуқӣ аҳамияти бештар доштанд?
Д. Аҳмадзода: Дар ин раванд қабули Эъломияи истиқлоли давлатии Тоҷикистон 24 августи соли 1990 аҳамияти бузурги таърихӣ дошт. Ин санади сиёсиву ҳуқуқӣ барои ташаккули давлати мустақилу соҳибихтиёр заминаи муҳим гузошт.
Марҳилаи минбаъдаи давлатсозӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули низоми муосири мақомоти давлатӣ, рушди қонунгузории миллӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ идома ёфт.
Конститутсия ҳамчун санади олии дорои эътибори ҳуқуқӣ асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян намуд.
АМИТ «Ховар»: Дар ин раванд нақши парламенти касбии Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Д. Аҳмадзода: Нақши парламенти касбӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ниҳоят муҳим мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ парламенти мамлакат ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар ташаккул ва такмили низоми қонунгузории миллӣ саҳми назаррас гузошт.
Дар ин давра барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, оид ба тақозои замон ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид ва санадҳои алоҳида дар таҳрири нав қабул карда шудаанд.
АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо сиёсати ҳуқуқӣ дар рушди давлати соҳибистиқлол чӣ нақш дорад?
Д. Аҳмадзода: Сиёсати ҳуқуқӣ яке аз воситаҳои муҳими амалисозии сиёсати давлатӣ мебошад. Он заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои рушди давлатро ташкил медиҳад.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ бе волоияти қонун ва сиёсати самараноки ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
АМИТ «Ховар»: Шумо дар шароити имрӯза кадом самти рушди Тоҷикистонро афзалиятнок меҳисобед?
Д. Аҳмадзода: Ба андешаи ман, дар марҳилаи кунунӣ яке аз самтҳои афзалиятнок рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ дар баробари такмили заминаи ҳуқуқии он мебошад.
Технологияҳои рақамӣ имрӯз ба яке аз омилҳои асосии рушди давлатҳо табдил ёфтаанд. Онҳо метавонанд самаранокии идоракуниро баланд бардошта, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сифати хизматрасониҳои давлатиро беҳтар намоянд.
АМИТ «Ховар»: Чаро рақамикунонӣ барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст?
Д. Аҳмадзода: Барои Тоҷикистон рақамикунонӣ танҳо раванди технологӣ нест. Он яке аз самтҳои муҳими рушди давлати муосир мебошад. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди инноватсия барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон имконияти васеъ фароҳам меорад.
Дар ин замина рушди ҳукумати электронӣ низ аҳамияти хос дорад. Хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ метавонанд монеаҳои маъмуриро коҳиш дода, дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳоро беҳтар намоянд.
АМИТ «Ховар»: Дар ин раванд нақши Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ ифода меёбад?
Д. Аҳмадзода: Нақши Парламент, пеш аз ҳама, дар ташаккул ва такмили заминаи ҳуқуқии рақамикунонӣ ифода меёбад. Танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ, зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва дигар муносибатҳо оид ба технологияҳои муосир такмили пайвастаи қонунгузориро тақозо мекунад.
Қонунгузорӣ бояд ҳамзамон ба рушди технологияҳои нав мусоидат намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳифз намояд.
АМИТ «Ховар»: Аз назари Шумо муҳимтарин дастоварди Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ кадом аст?
Д. Аҳмадзода: Ба назари ман, бузургтарин дастоварди 35 соли соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу субот, расидан ба ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани ягонагии давлат мебошад.
Барои миллате, ки дар солҳои аввали истиқлол бо ҷанги шаҳрвандӣ ва хатари аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ рӯ ба рӯ шуд, сулҳ танҳо як дастовард набуда, балки шарти асосии ҳифзи давлат ва ояндаи миллат буд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 заминаи муҳими сиёсиву ҳуқуқии ин марҳилаи сарнавиштсоз гардид.
АМИТ «Ховар»: Пас аз расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мамлакат дар кадом самтҳо ба пешрафт ноил гардид?
Д. Аҳмадзода: Сулҳу ваҳдати миллӣ имконият фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ рӯ оварад, инфрасохторро рушд диҳад, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намояд ва мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад.
Аз ин рӯ, 35 соли соҳибистиқлолиро метавон марҳилаи сулҳофарӣ, давлатсозӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва гузариш ба рушди устувор арзёбӣ кард.
АМИТ «Ховар»: Барои пойдории неъмати бузурги Истиқлолияти давлатӣ имрӯз чӣ корҳоро бояд анҷом дод?
Д. Аҳмадзода: Вазифаи асосӣ таъмини волоияти қонун, таҳкими интизоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва такмили пайвастаи қонунгузорӣ мебошад.
Истиқлолиятро танҳо бо шиор ҳифз кардан имконнопазир аст. Мо бояд иқтисоди миллӣ, амнияти давлатӣ, иқтидори мудофиавӣ, маорифу илм ва неруи инсониро пайваста тақвият диҳем.
Давлати мустақилу соҳибихтиёр замоне пойдор аст, ки ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ устувор, ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ қавӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ рақобатпазир бошад.
АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо дар ҳифзи истиқлолият нақши шаҳрвандон то чӣ андоза муҳим аст?
Д. Аҳмадзода: Ҳифзи истиқлолият вазифаи танҳо давлат нест. Ин масъулияти ҳар шаҳрванд мебошад. Эҳтиром ба Ватан, риояи қонун, ҳифзи сулҳу ваҳдат, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар рушди кишвар вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини Тоҷикистон аст.
Истиқлолиятро ба даст овардан таърих аст, аммо ҳифз ва таҳкими он вазифаи ҳаррӯзаи насли имрӯз ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.
АМИТ «Ховар»: Бо назардошти 35 соли Истиқлолияти давлатӣ ҷавонон дар идомаи роҳи созандагии мамлакат чӣ рисолате бар уҳда доранд?
Д. Аҳмадзода: Ҷавонон неруи созандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи роҳи давлатсозии миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд бо дониш, маърифат, касбомӯзӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ояндаи Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти насли ҷавон вобастагии зиёд дорад. Ҳифзи сулҳу ваҳдат, эҳтироми қонун ва хизмат ба Ватан бояд барои ҳар ҷавони мамлакат арзиши муҳим бошад.
Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Истиқлолияти давлатӣ заминаи таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд






