«Лафзи ширин» бознашр гардид
«Забон омили асосии рушду камоли миллат аст»
Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат
Душанбе, 09.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз китоби «Лафзи ширин» бознашр гардид. «Лафзи ширин» дастури таълимӣ барои кормандони муассисаҳои томактабӣ, марказҳои рушди кӯдакон ва волидайн буда, бо забони тоҷикӣ бознашр шуд. Муаллифони «Лафзи ширин» Маҳмадулло Лутфуллоев, академик, доктори илмҳои педагогӣ ва Лутфия Иматова, сармутахассиси Вазорати маориф ва илм, доктори илмҳои педагогӣ мебошанд.
Дар саҳифаи аввали дастури таълимӣ расми Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
Дастури таълимии «Лафзи ширин» аз бахшҳои «Тоҷикистонам модари ҷонам», «Хонаи ободи мо», «Одобнома», «Ҳаёти гирду атрофро меомӯзем», «Боғча ҷои хуш аст», «Олами ҳайвонот ва наботот», «Тирамоҳи заррин», «Хуш омадӣ зимистон», «Баҳори хуррам омад», «Офтобаки тобистон», «Ман ба мактаб меравам», «Эҷодиёти даҳонии халқ», «Чистонҳо», «Чистонбозиҳои равону беохир», «»Тезгӯякҳо» ва ғайра иборат мебошад.
Инчунин «Лафзи ширин»-ро расмҳои гуногун, ки барои инкишофи нутқи кӯдакон нақши муҳим мебозанд, оро медиҳанд.
Дастури таълимии «Лафзи ширин» бо дастгирии мудири ширкати «Рухом» Муфарраҳ Муҳаббатов бознашр гардидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






