М.Шовалиева: Ғайр аз суманак тоҷикон хӯрокҳои махсуси Наврӯзӣ низ доштанд

Март 23, 2016 11:29

Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар»). —Замони пайдоиши Наврӯзро донишмандон чандин ҳазор сол пеш дониста буданд. Ниёгони мо аз нахустин замонҳо тақвими хешро бо соли хуршедӣ бозшиносӣ карда, Наврӯзро оғози соли хуршедӣ дониста, онро ҷашн мегирифтанд.
Бино ба гуфтаи корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ Мумина Шовалиева дар даврони Сосониён 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар майдони Кох 12 сутун аз хишти хом барпо мекарданд ва дар фарози он сутунҳо бо тараннум 12 навъ донагӣ чун, гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, кунҷид, мош ва ғайра мекоштанд.
«То рӯзи меҳр, ки чаҳордаҳуми фарвардинмоҳ буд, он донагиро ҷамъ намекарданд ва чунин мешумориданд, ки кадом донае болотару хубтар рӯяд, маҳсулоти ҳамон донагӣ дар ҳамон сол фаровон хоҳад шуд. Мондани сабзаи суманак ва пухтани суманак ба фикри ман аз ҳамон расму русум сарчашма гирифтааст»,-мегӯяд М.Шовалиева.
Мардумшиноси тоҷик иброз дошт, ки суманак чанд намуд, аз ҷумла суманаки дегӣ, суманаки тагиаловӣ, суманаки нонӣ ва ғайра мешавад.
«Суманаки дегиро мардум якҷоя бо хешону ҳамсоягон дар дегҳои калон 24 соат мепазанд ва дар гирди деги суманак рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекунанд. Ғайр аз суманак хӯрокҳои махсуси Наврӯзӣ низ вуҷуд доштанд. Дар Иди Наврӯз хӯроки якум шир, нони навпухташуда ва панир буд, зеро ин хӯрокҳо рамзи «хубӣ» ва «хушӣ» доштанд. Чун имрӯз дар он замон ҳам дастархонро бо 7 «син» ва 7 «шин» ё «мим» оро медонанд»,-илова намуд мардумшинос.
Анъанаи пухтани суманак, гандумкӯча ё кӯча, гандумбоҷ дар Помир, бичакҳои алафин ё самбӯса бо пудина ва ҷағ-ҷағ, ғӯлингоб аз қадим ба мо мерос мондааст. М.Шовалиева афзуд, ки дар гандумкӯча 7 намуд донагӣ ва шикамбаи гов андохта, онро аз шаб то саҳари рӯзи Наврӯз бояд пухт. Гандумкӯчаро низ чун суманак бояд ба ҳамаи ҳамсояҳо тақсим кард.
«Деҳқонон бо омадани Наврӯз кишту корро сар мекарданду имрӯз низ ин расм боқӣ мондааст. 20 рӯз қабл аз кишту кор деҳқонон дар тағораҳои калон якчанд навъи донагиро мекоштанд ва аз сабзидани онҳо дар рӯзи Наврӯз маълум мегардид, ки хосилнокии кадом донагӣ хуб мешавад. Барои саршавии кори кишт якчанд деҳқони куҳансоли деҳаро сари замин ҷамъ оварда, ба шохҳои говҳо орд мепошиданд ё ки умоч – кулчаи калоне, ки тақрибан 7 кило вазн дошт, ба шохҳои гов меандохтанд ва аз «Бобои деҳқон» дуо гирифта, корро сар мекарданд»,-баён дошт корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш.
Аз давраҳои қадим то имрӯз дар байни мардуми тоҷик анъанаи дар Наврӯз «хонаҳалолкунӣ» ё «хонабуророн» боқӣ мондааст. Чанд рӯз пеш аз Наврӯз тоҷикон ҷиҳози хонаашонро бароварда тоза ва ё «ҳалол» мекунанд ва чизҳои куҳна ва шикастаро мепартоянд.
Таҳияи Лайло Қосимова

Март 23, 2016 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд