Маҳфили наврӯзӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода чорабинии фарҳангӣ — адабӣ зери унвони «Тоҷикистон — ватани Наврўз» баргузор гардид, ки дар он намоянда аз Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули бахши кор бо фарҳанги сафорат хонум Шимизо Мегумӣ, Иши Киёши, намояндаи ширкати Чайка, директори маркази Конфутсий Дзя Дзин Фан, устодони хориҷии донишкада аз ИМА, Куриёи Ҷанубӣ, Мисри Араб, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Қазоқистон, Туркманистон, Бразилия ва донишҷўёни хориҷии донишкада иштирок намуданд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои педагогӣ Раҷабзода Маҳмадулло меҳмонон ва устодону донишҷўёнро бо фарорасии Наврўзи хуҷастапай таҳният гуфта, ба аспирантону унвонҷўёне, ки пеш аз муҳлат кори номзадиашонро дифоъ кардаанд, мукофотпулӣ тақдим кард. Устодони соҳибтаҷриба ва донишҷўёни фаъоли донишкада бо ифтихорномаи донишкада сарфароз гардонида шуданд.
Қисми фарҳангии ҷашни фархундаи Наврўз дар ДДЗТ ба номи С.Улуғзода бо баромадани арўси сол ва марди деҳқон оғоз гардид. Донишҷўёни донишкада намоиши расму оинҳои минтақаҳои ҷумҳуриро омода намуданд, ки баҳор ва бобои деҳқон ба сайри наврўзии ин минтақаҳо: Хатлон, Бадахшон, Суғду Ҳисору Рашт баромаданд.
Инчунин дар саҳни донишкада майдончаи варзишӣ барои варзишгарон, ки дар атрофи он гӯштингирон бо либосҳои махсуси гўштингирӣ, дар гўшаи дигар ҷавонон ба бандкашӣ, хурўсҷанг, кабкҷанг, тухмҷанг, ки ин ҳама анъанаҳои наврўзӣ мебошанд, машғул буданд.
Баргузории чунин ҷашнҳо ҷавононро бо расму оин ва анъанаҳои қадимии гузаштаамон шинос менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






