Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони давлатҳои хориҷӣ
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 10 марти соли 2016 маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини ҳашт давлати хориҷӣ ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.
Нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Олег Иванов, Шоҳигарии Шветсия Ингрид Терсман, Маҷористон Андраш Барани, Ҷумҳурии Юнон Данаи-Магдалина Куманаку, Ҷумҳурии Ирландия Эдриан Макдэйд, Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Клаудио Раҷа Габаглия Линс, Бруней-Доруссалом Ҳоҷӣ Маҳади Майдин ва Сафири Ҷумҳурии Того Оуро Сама Муҳаммад Сад супориданд.
Пас аз маросим мулоқоти дуҷонибаи Низомиддин Зоҳидӣ бо сафирони навтаъйин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини якуми вазир сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо барои амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






