Мавсими нав барои ҷалби довталабон
Хуҷанд, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон рўзи «Дарҳои кушод» баргузор гардид. Хонандагони мактабҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Чкалов ва Қайроққум бо фаъолияти донишкада, шароити таҳсил ва пояи моддию техникии донишкада шинос гардиданд.
Шероз Тоҷибоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ёвари директор гуфт, ки донишкада имрўз 60 омўзгорро барои шиносонидани равиши таҳсили донишкада бо тарзҳои замонавии таълим ба шаҳру ноҳияҳои наздик сафарбар намудааст, ки ин амал барои ба таҳсил дар боргоҳи илм ҳавасманд намудани ҷавонону наврасон мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки донишкада тўли солҳои охир дар ҷодаи илмомўзонӣ ба якчанд муваффақияти нав ба нав ноил гардида, имрўз дарсҳоро бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ мондааст. Имрўз дар донишкада 12 гурўҳ бо забони англисӣ таҳсил намуда, фанҳои ҳуқуқ, иқтисодиёт, математика, технологияи компютерӣ пурра ба забони англисӣ гузаронида мешаванд. Дар ин гурўҳҳо дар қатори он устодоне, ки дар донишкада дарс медиҳанд, устодон аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари, Ребека Виллер, Шерон Сатурнс ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии мардумии Чин Ян Сяоюй дарс медиҳанд.