Муллои масҷид варзишгоҳ месозад
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Оммавӣ шудани футбол дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон рӯ ба тараққӣ мениҳад. Агар дар марказҳо расман дар сатҳи олӣ мубориза барои Ҷом ё санае гузаронида шавад, пас дар деҳаву ноҳияҳо низ мусобиқаҳои футболе баргузор мешаванд, ки шумораи тамошобинонашон рашки клубҳои футболи касбиро меоранд.
Деҳаи Алишер Навоӣ, ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон. Шумораи ниҳоят зиёди мошину одамоне, ки ҷамъ омада буданд, таваҷҷуҳи моро ба худ кашид. Онҳо бозии футболро тамошо мекарданд.
Аз тарҳи майдону мавзеи варзишгоҳ пай бурдан мумкин буд, ки онро навакак сохтаанду ҳанӯз то ба анҷом нарасидааст. Чун рӯзҳои мусоиди баҳор барои бозии футбол мувофиқ омад ,дар ин варзишгоҳ бо ширкати 32 дастаи деҳоти ноҳияҳои Ёвону Абдураҳмони Ҷомӣ мусобиқаи футболбозонро ташкил кардаанд. Ҳамарӯза аз панҷ то 10 ҳазор мухлис барои тамошои футбол дар ин ҷо ҷамъ меомадааст. Чун пурсон шудем, ки ин варзишгоҳро кӣ сохтасту чӣ мақсад дорад, моро ба назди намояндаи дин, муллои масҷид ҳоҷӣ Абдусамад Пирматов оварданд. Ӯ хурсанд шуд, ки мо ба ин кораш таваҷҷуҳ зоҳир кардаем ва гуфт:
-“Ҷавонон бояд ба варзиш машғул шаванд ва саломатии худро, ки боигарии миллат аст, бо тамрин сайқал диҳанд. Ба тундравҳо пайвастану аз бекорӣ ба ҳар кори ношоям даст задан кори нанговар аст. Аз ҳамин хотир ин мавзеъро бо ҳашар обод кардем, ки макони машқ пайдо шавад ва ҳоло он то ба анҷом нарасидааст”.
Намояндагони дин бештар ба сохтани масҷидҳо машғуланд, аммо ин мард сохтану ташкил кардани ин варзишгоҳро барои футбол ба роҳ мондааст. Наворҳои бунёди варзишгоҳро аз оғоз то ба имрӯз сабт кардаву онро маҳфуз нигоҳ медорад.
Дар аввал дар дар ин макон сойи чуқури бетаге, ки ба партовгоҳ табдил ёфта буд ва манзараҳои атрофро бенур мекард, ҷой дошт. Касе ба гӯшаи хотир ҳам намеовард, ки дар ин мавзеъ варзишгоҳ сохтан мумкин аст. Абдусамад мардумро ба ҳашар даъват кард ва имрӯз он ба майдони хубе табдил ёфт.
-“Мо,- мегӯяд Абдусамад,- мактаби кӯдакону наврасони футболро дар ин ҷо ташкил карданием. Баъди ба поён расидани сохтмону сабзпӯш шудани варзишгоҳ мумкин аст дастаи футболе таъсис диҳем, ки дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ иштирок кунад, аммо боз заҳмати зиёде кашидан лозим аст.”
Бале, агар нақшаашон амалӣ гардад, ин макон соҳиби беҳтарин варзишгоҳ хоҳад шуд, чаро, ки табиат атрофи онро барои нишастгоҳ сохтан осон кардааст. Кӯдакону наврасон бо ҳозиразамон шудани варзишгоҳ барои худ ҷои бозии футболро пайдо мекунанд.
Умед аст, ки рӯзе бо дилсӯзии чунин мардон дастае пайдо мешавад, ки дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат меварзад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






