Мулоқоти И. Сатторов бо ректори Донишгоҳи дӯстии халқҳо ва донишҷӯёни тоҷик
Душанбе, 01.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо ректори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия Владимир Филиппов мулоқот намуд. Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо донишгоҳи номбурда мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин ҷонибҳо дар мавриди рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни тарафҳо табодули назар намуданд. Пешниҳодҳои мушаххас оид ба тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд баён шуданд, ки дар асоси тартиботи корӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 250 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамояд. Сафири Тоҷикистон инчунин бо чанд донишҷӯи фаъоли тоҷик, ки дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия таҳсил менамоянд, мулоқот намуд. Доир ба паҳлӯҳои гуногуни сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла амиқ омӯхтани фанҳо ва технологияи муосир, рушди касбҳои зарурӣ табодули афкор сурат гирифт. Ба раъйпурсии дар пешистода оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия қариб 27 ҳазор донишҷӯ, аспирантон, коромӯзон ва таълимгирандагон аз 152 давлати дунё таҳсил менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






