Мулоқоти Маликшо Неъматов бо Золтан Сомогуи
Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии туристии Берлин, ки рӯзҳои 8-13 марти соли 2016 дар пойтахти Олмон баргузор гардид, Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо директори иҷроияи барномаҳои Созмони ҷахонии туристӣ Золтан Сомогуи ва роҳбари лоиҳаи барномаи Шоҳроҳи Абрешими Созмони мазкур Алла Пересолова мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Созмони ҷаҳонии туристӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагӣ изҳор намуданд, ки минбаъд низ барои рушди туризм дар Тоҷикистон ва муаррифии имкониятҳои он дар доираи барномаҳои муштарак ҳамкориро ба роҳ мемонанд. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 аъзои ин созмони ҷаҳонӣ мебошад ва дар чорабиниҳои таҳти васояти он иштироки фаъолона дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 дар намоишгоҳи байналмилалии туристии Берлин бо гӯшаи алоҳида иштирок менамояд ва дар ин гӯша ширкатҳои туристии мамлакат имконот ва захираҳои туристии Тоҷикистонро ташвиқ намуда, бо ширкатҳои туристии кишварҳои иштирокдор шартномаи ҳамкорӣ мебанданд. Ҳамасола дар кори ин намоишгоҳ 40 ҳазор мутахассисони соҳа ва коршиносон иштирок намуда, инчунин беш аз 250 ҳазор дӯстдорони сайру саёҳат ин намоишгоҳро тамошо мекунанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






