Мулоқоти Н. Зоҳидӣ бо сафири Афғонистон ва муовини сардори намояндагии ИА дар Тоҷикистон

Март 9, 2016 08:49

Душанбе, 09.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 7 марти соли 2016 мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулғафур Орзу ва муовини сардори намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маргус Солнсон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ даъватномаи муштараки Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирон, ки дар моҳи октябри соли равон дар ш.Брюссел дар назар аст, супорида шуд. Конфронси мазкур масъалаҳои кумаки ҷомеаи ҷаҳониро ба Афғонистон барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва аз лиҳози иқтисодӣ худкифо баррасӣ хоҳад кард. Даъватномаи мазкур бо арзи сипос қабул карда шуд.

Март 9, 2016 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд