Мулоқоти Қодири Қосим бо соҳибкорони Бадахшон
Хоруғ, 12.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Хоруғ мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо соҳибкорони вилоят, сардорони идораву корхонаҳо ва ташкилоти давлативу ғайридавлатӣ доир гардид. Дар мулоқот гуфта шуд, ки вохӯрӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат сурат мегирад. Ҳадаф аз он кумаку дастгириҳои корҳои созандагиву ободонӣ дар вилоят, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ривоҷ бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, омӯзиши фазои сармоягузории шаҳри Хоруғ ва навоҳиҳои вилоят, омӯзишу муайян намудани монеаҳо дар самти рушди соха, шиносоӣ бо лоиҳахои нави соҳибкорӣ ва таклифу пешниҳодҳои соҳибкорони вилоят дар самти пешрафти соҳибкорӣ дар ВМКБ буд. Гуфта шуд,ки авзои сиёсӣ дар ҷаҳон ҳамоно мураккаб боқӣ мемонад ва буҳронҳои иқтисодии дунё мисли пештара дар як ҷой қарор доранд ва ҳанӯз ҳам рӯ ба беҳбудӣ наниҳодаанд. Ҳамаи ин ба иқтисоди кишварамон бетаъсир нахоҳад монд. Қурби асъори миллӣ паст шуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ низ кам гардидааст. Аз ин рӯ бори дигар месазад, ки чунин вохӯриҳоро ташкил намуда, дар якҷоягӣ- дар ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ барномаҳои нави рушди соҳа ва барномаҳои зиддибуҳрониро таҳия ва амалӣ намоем. Ба таъсири бемайлони буҳронҳои иқтисоди ҷаҳон ва фишорҳои берунӣ нигоҳ накарда, Президенти мамлакат бар он саъю талош дорад, ки барномаҳои дастгирии соҳибкориро дар мамлакат, махсусан дар ВМКБ, ки минтақаи кӯҳии кишвар мебошад, бештар намояд. Ҳукумати мамлакат тавонист дар вазъияти мураккаби ҷаҳон рушди устувори иқтисоди кишварро нигоҳ дорад. Ҳамзамон дар мулоқот зикр гардид, ки барои рушди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти муҳимро рӯи кор овард. Қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Консессия», «Мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Низоми иҷозатдиҳӣ» ва дигар барномаву стратегия ва чорабиниҳо барои рушди соҳа дар мамлакат таконбахш гардиданд.
Дар самти рушди соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳоло 17 лоиҳаи калонҳаҷм дар вилоят амалӣ гардида истодаанд. Танҳо аз ҳисоби Муассисаи давлатии « Фонди дастгирии соҳибкорӣ» аз соли 2013 то ба 2016, — 16 лоиҳа- барномаи соҳибкорони Бадахшон дастгирӣ ёфтааст. Маблағи умумии аз ҳисоби ин фонд ҷудошуда зиёда аз 8,5 миллион сомониро ташкил намуда, дар ин замина коргоҳҳои хурди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, коргоҳҳои қаннодӣ, сехҳои коркарди сангҳои ороишӣ, коркарди меваю сабзавот, коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуданд, ки боиси таъсиси садҳо ҷойҳои корӣ гардиданд. Дар мулоқот аз ҷониби соҳибкорони вилоят таклифу пешниҳодҳо иброз гардида, лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ муаррифӣ шуданд.
Дар интиҳо зикр шуд, ки чунин вохӯриҳо дар тамоми манотиқи кишвар бо соҳибкорон доир гардида, таклифу пешниҳоди ҳамаи соҳибкорони минтақаҳои гуногуни кишвар барои пешрафти соҳа дар ин даврони мушкили буҳронӣ мавриди таҳлил қарор дода мешаванд. Ҳукумати мамлакат аз рӯи пешниҳоду таклифҳо ва имкониятҳои ҷойдошта барномаи нави рушди соҳаро таҳия хоҳад намуд.








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






