Муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб

Март 15, 2016 08:57

Дар арафаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 18 декабри соли 1995 барқарор шудаанд.

Санадҳои қабулшудаи миёни ду давлат ба самтҳои муҳими ҳамкориҳо дахл дошта, базаи ҳуқуқиро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти муттаҳидаи Араб  таъмин менамоянд.

Аз аввали соли 2011 дар Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2007 Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шуд.

Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб низ аз 20 апрели соли 2010 Сафири ғайримуқими худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона таъйин намудааст. Айни замон Сафири ғайримуқими ин кишвар дар Тоҷикистон ҷаноби Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ мебошад, ки эътимодномаи худро 6 марти соли 2014 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида буд.

16-18 декабри соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Раиси Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ба Абу-Забӣ сафари расмӣ анҷом дод. Дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва асосгузори ин давлат Шайх Зойид ибни Султон Оли Наҳаён, Ноиби Раиси давлат, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳокими Дубай шайх Мактум Оли Мактум ва дигар шахсони баландпояи кишвар мулоқоту суҳбатҳо доир намуд.

Дар фароварди боздид ду созишномаи байниҳукуматӣ ва як ёддошти тафоҳум:

  1. Созишномаи ташвиқ ва ҳимояи сармоягузориҳои хориҷӣ,
  2. Созишномаи канорагирӣ аз ситонидани андози дучанда,
  3. Ёддошти тафоҳум оид ба алоқаи ҳавоӣ

ба имзо расиданд ва Баёнияи муштараки матбуотӣ қабул гардид

Бори дуюм 9-13 апрели соли 2007 боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ки зимни он мулоқоту музокирот бо Раиси Давлат шайх Халифа бин Зойид аль-Наҳаён ва дигар шахсони баландпояи Аморот сурат гирифтанд. Инчунин дар доираи сафар 5 санад оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ ба имзо расид:

  1. Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб.
  2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои шаҳрвандӣ ва тиҷоратӣ.
  3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноятӣ.
  4. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба бозпас додани боздоштшудагон.
  5. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва табодули маълумот байни Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб.

Илова бар ин  Протокол оид ба ҳамкории фарҳангӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангӣ ва мероси хаттии Ҷумъа ал-Моҷиди АМА низ аз натиҷаҳои сафари мазкур мебошад.

Ҳамзамон дар шаҳри Дубай нахустин бизнес-форум бо иштироки соҳибкорони Амороту Тоҷикистон доир гардид.

Пас аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аморот ҳамкориҳо бо ин давлат ривоҷу равнақ ёфтанд, ки далели он имзои санадҳои зерин мебошад:

  1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати AlShafar Group of Companies оид ба ҳамкории мутақобилан судманд (2.07.2010, Душанбе);
  2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ (30.12.2013 Абу-Забӣ). Созишномаи мазкур аз ҷониби МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 1 октябри 2014 ба тасвиб расонида шуд;
  3. Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҶТ ва АМА дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техикӣ (12.05.2014, Абу Забӣ).

Созишномаҳои дигар, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ, Созишнома дар соҳаи тандурустӣ, Созишнома дар соҳаи фарҳанг, Созишнома дар соҳаи сайёҳӣ ва варзиш, лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ва лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зери пайгирӣ ва баррасии мақомоти дахлдори ҷонибҳо қарор доранд.

19-20 декабри соли 2015 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Дар рафти сафари мазкур Вазири корҳои хориҷӣ бо Валиаҳд ва Муовини Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зойид Оли Наҳён, бо Муовини Сарвазир, Вазири умури президентии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Раиси Шӯрои директорони Фонди рушди Абӯ Забӣ Шайх Мансур ибни Зойид Оли Наҳён, Директори генералии IRENA ҷаноби Аднан З. Амин, Директори генералии Бунёди Абу Забӣ оид ба рушд ҷаноби Исо Муҳаммад ал-Сувайдӣ мулоқотҳо анҷом дод.

15-18 декабри соли 2015 сафари ҳайати Кумитаи корҳои исломӣ ва Авқофи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии Муҳаммад Матар ал-Каъби ба Душанбе баргузор гардид. Зимни сафар намояндагони Кумитаи мазкур бо Раиси Шурои Уламо, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии мулоқотҳо анҷом дода, инчунин аз якчанд масҷиду ятимхонаҳо ва марказҳои исломӣ дидан карданд.

24-30 январи соли 2016 сафари ҳайати Палатаи савдо ва саноати (ПСС) Абу-Забӣ ба Тоҷикистон доир гарид. Мақсад аз анҷом додани чунин сафар ифтитоҳ бахшидани намояндагии ПСС Абу-Забӣ дар Душанбе буд. Зимни сафар инчунин бо намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати кишоварзӣ, Ширкати Оби зулол, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонки миллӣ мулоқотҳо анҷом доданд.

Инчунин, Муасиссаи Халифа бин Зойид Оли Наҳён оид ба корҳои башардӯстона ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак расонд.

Бо назардошти раванди рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, сатҳи муносибатҳо миёни ду давлат метавон мусбат арзёбӣ кард.

Сафари дар пешистодаи Президенти кишвар ба ДАМА дар рушди ояндаи ҳамкориҳои пурсамар, такони наве хоҳад дод.

 

Мавод дар ҳамкорӣ бо Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуд

Март 15, 2016 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия муваққатан худдорӣ намоянд
«Ширкати сармоягузории Озарбойҷон» бо «ТАЛКО» ҳамкорӣ менамояд
Дар Риёз масъалаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти маориф ва илм баррасӣ гардид
Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид