Н.Салимзода: Вақти он расидааст, ки Конститутсияи ҶТ такмил ёфта, ба рушди имрӯзаи ҷомеа мувофиқ гардонида шавад
Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ «Ховар»). «Сарқонун — арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Бо шарофати қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад»,- гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода зимни ҷамъомади васеи кормандони ин соҳа дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон».
10 феврали соли 2016 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон даъвати панҷум, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсии умумихалқӣ» — ро баррасӣ карданд.
Тағйирёбии босуръати вазъи ҷаҳони муосир, шиддати муноқишаҳои тезутунди сиёсӣ, буҳрони молиявию иқтисодӣ ва афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои террористиву экстремистӣ дар бисёр кишварҳои олам тақозо менамоянд, ки ҳар як давлат бо мақсади ҳифз ва таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, манфиатҳои милливу давлатӣ, мустаҳкамиву ободии ояндаи Ватан, рушди устувору бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва муҳайё намудани шароити муносиб барои некуаҳволии шаҳрвандон тамоми саъю кӯшиши худро равона созад.
Тоҷикистон ҳам таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт саъю талоши зиёд дорад.
Амалӣ намудани ин мақсадҳо тавассути қавӣ гардонидани заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷомеа, такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба талаботи замони муосир имкон медиҳад, ки танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар заминаи сулҳу суботи ҷомеа таъмин карда шавад.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаи мазкур аз ҷониби намояндагон таъкид гардид, ки ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақозои замон буда, дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ нақши арзанда мебозад. Дар оянда он имконият медиҳад, ки қишри бонуфузи ҷомеа минбаъд низ дар тавсеаи худ огоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва сулҳу субот ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад. Рушди ҷомеа тақозо менамояд, ки вобаста ба он тағйироте, ки дар ҳаёти ҷомеа ба вуҷуд меоянд, қонунгузорӣ низ такмил дода шавад. Аз ҷумла, барои таъмини инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия низ ба миён меояд.
«Дар таърихи навини тоҷикон мо аллакай шоҳиди ду маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия гаштем. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ воридшуда меъёрҳои онро такмил дода, ба шароити онвақтаи рушди ҷомеа мувофиқ гардонида шуданд»,- илова намуд вазир.
Н.Салимзода зикр дошт, ки имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз боз такмил ёфта, ба рушду нумӯи имрӯзаи ҷомеа мувофиқ гардонида шавад. Инкишофи ҷомеа талаб мекунад, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибати мутақобилаи онҳо таҳким дода шавад, идораи давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ба рушди босуръати ҷомеа мувофиқ гашта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими сулҳу ваҳдат ва тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат намояд.
Рушди забони давлатӣ ва қабул гардидани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ низ тақозо мекунанд, ки истилоҳҳои дар Конститутсия истифодашуда низ аз нав дида шаванд.