Нақши занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа

Март 7, 2016 14:47

Душанбе, 07.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Таърих гувоҳ аст, ки нобаробарҳуқуқӣ, вазъияти мутеонаи зан дар оила ва ҷамъият, ҳамчун шахс шинохта ва эътироф нашудани ӯ, ҷаҳолат ва шинохти зан ҳамчун моликият, ки аз одитарин ҳуқуқҳо бархӯрдор набуд, занҷири сарбаста ва танге дар вуҷуди нозуки занон буд. Вале, дуруст аст, ки занҷири танг дар вақти кашмакаш қувват карда наметавонад. Ин аст, ки эътирози занон барои дарёфти ҳуқуқҳои фитрии худ,ҳаракати боқувватеро дар ҷаҳон ба миён овард, ки он оғози талоши занон баҳри фаъолона дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишварҳои гуногун ширкат варзидани онҳо гашта, тавонист дар шинохти чеҳра, қудрат, тавонмандӣ ва ҷасорати занон саҳифаи наверо боз намояд. Тазоди зиндагӣ дар он буд: мард, ки ӯро зан ба дунё оварда, тарбия намудааст, ба таври табиӣ аз ҳуқуқҳои сиёсӣ бархӯрдор буду оне, ки ин шахсиятро ташаккул додааст, ин ҳуқуқҳоро надошт.
Мустақилона ва боҷуръатона баробари мардон дар соҳаҳои гуногун қадам задани занони тоҷик дар шикасти қолабҳо ва тасаввуроти куҳна, ки рисолати занро бениҳоят маҳдуд мекарданд, инқилоби ҷиддие гашта, барои ташаккули тафаккури нав вобаста ба мавқеъ ва манзалати занон заминаи мусоид фароҳам овард.
Муҳимтарин воқеаи таърихӣ, ки барои баланд бардоштани иштироки занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат намудааст, ин ғалабаи инқилоби октябри соли 1917 буд, ки баъди он занон озод шуданд ва ба баробарҳуқуқӣ бо мардон ноил гардиданд. Дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ бо қабули як қатор санадҳои байналмилалӣ вазъи занон боз ҳам беҳтар гашт.
Аммо бояд зикр намуд, ки дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд. Низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан — модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама вақт неруе боқӣ мемонад, ки инсоният ба ӯ эҳтиёҷ дорад.
Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, моҳи сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон кард. Ин маънои онро дошт, ки кишвар бояд минбаъд мушкилоти худро мустақилона ҳал менамояд. Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода, 27 декабри соли 1993 Конвенсияи байналмилалӣ «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, ҳуқуқҳои кўдакон», ҳуқуқҳои занон»-ро қабул кард.
Солҳои аввали истиқлолият барои ҷумҳурии ҷавони мо хеле вазнин буд. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ, бад шудани вазъи иқтисодӣ ва сиёсӣ бесомониҳои зиёдеро ба бор оварданд. Ҳамаи ин дар мақоми занон ҳам инъикос гардид. Дар он марҳала Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «Нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи мо аҳамияти калон дорад, зеро чӣ масъалае, ки моҳияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дошта бошад, мо рўи даст нагирем, маълум мешавад, ки ҳалли он бе иштироки занон, бе назардошти фикру пешниҳодоти онҳо имконнопазир аст». Аз ҷумла, дар муҳокимаи умумихалқии Конститутсия ва интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ, амалӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ, амалиёт барои мусодираи силоҳ аз ҷониби аҳолӣ, ё татбиқи тадбирҳои ба даст овардани сулҳу салоҳ дар кишвар, таъмини фазои маънавии солим дар ҷомеа — занони мо нақши созанда ва мусбат бозиданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зикр кард, ки дар давраи душвори муқовимат, занони тоҷик бе тарсу дудилагӣ байни ҷонибҳои мухолифин истода, бо маслиҳати оқилона худ, насиҳатҳои пандомез аксар вақт ба паст кардани шиддатнокии эҳсосот кумак мекарданд. Чунин ҳолатҳо бисёр буданд. Сипас ҳангоми оғози гуфтушуниди қувваҳои ҳукуматӣ бо мухолифин, ки ҳазорҳо километр дур аз ватан баргузор мегаштанд, занони тоҷик бо муроҷиатҳо, барқия ва паёмҳои худ иштирокдорони музокиротро дастгирӣ намуда, онҳоро барои барпо намудани сулҳ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамуданд.
Занон ва модарони кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 бадтарин рӯзҳоро аз сар гузарониданд. Дар ин давра, 25000 занон шавҳарони худро аз даст додаанд, 55 000 кўдакон ятим монданд, беш аз 100 000 нафар ҷони худро аз даст доданд, зарари моддии кишвар қариб 10 млрд. доллари ИМА ташкил кард. Ҳамаи ин ҳолат ба рўҳу равони аҳолӣ, махсусан занон зарари ҷиддӣ расонид.
Бо вуҷуди ин, занон ва модарони мо, сарфи назар аз талафоти бузург, зарбаи тақдирро босаброна таҳаммул карда, дар қатори мардон барои пойдор намудани сулҳу субот дар кишвар сарбаландона мубориза бурданд. Бояд таъкид намуд, ки барои барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ иборат аз 25 нафар аъзои ҳукумат ва мухолифин таъсис дода шуд, ки дар он ягона зан-Бозгул Додхудоева, муовини сарвазир иштирок кард. Дар хотироти худ, Б.Додхудоева қайд мекунад, ки дар баробари ӯ дар барқарор намудани дӯстии байни тоҷикон дигар занони фаъол ҳам ба монанди: Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мусоева, Надежда Соловева, Саёҳат Неъматова, Низорамоҳ Зарифова, Ибодат Раҳимова, Махфират Каримова, Ҳусноро Мирзоева, Вилоят Мирзоева, Майсара Калонова, Адолат Раҳмонова, Адолат Узоқова, Қиматгул Рустамова саҳми беандоза гузоштанд. Онҳо асосан дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар бораи муҳимияти сулҳ дар ҷомеа вохўрӣ ва суҳбатҳо мекарданд.
Дар шароити имрўза дар пешбурди рушди устувори минбаъдаи кишвар, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми занони фаъол, Раҳмон Озода Эмомалӣ, Марҳабо Ҷабборӣ, Хидирзода Махфират, Хайриниссо Юсуфӣ, Сумангул Тағозода, Гулнора Ҳасанова, Гавҳар Шарофзода, Идигул Қосимзода ва дигарон хеле назаррас мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар масъалаи иштироки занони сарвар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, дар қабули қарорхо ва идоракунии давлатӣ ҳоло дар ҷумхурӣ 1 зан дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 зан вазири меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Дар дигар сохторҳои ҳукуматӣ, вазоратхо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, одатан яке аз муовинони роҳбар, зан мебошад.
Боиси ёдоварист, ки солҳои соҳибистиклолии кишвар дар баробарҳукукии занону мардон ва дар соҳаи муносибати гендерӣ пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар ба мавқеи занон дар ҷомеа, ки 52% аҳолии ҷумхуриро ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Занон кафили рушди ҷомеа дар роҳи ба даст овардани истиқлолият дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Инчунин дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 35% ташкилоти ғайриҳукуматии Тоҷикистонро занон роҳбарӣ мекунанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои иштироки занон дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба ҳисоб меравад. Чунончи, дар Суди конститутсионӣ ва мақомоти судӣ ба ҳайси суд 84 зан, ки яке аз онҳо — муовини раиси Суди Олӣ, яке — муовини Суди олии иқтисодӣ, 11 нафар занон роҳбарони судҳои (шаҳрӣ) вилоятӣ ва ноҳиявӣ ва 2 нафар — раисони Шӯрои судӣ оид ба корҳои ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ, шуъбаи Суди Олӣ, 4 нафар — муовини раиси суди ноҳиявӣ мебошанд.
Дар мақомоти прокуратура дар мансабҳои тафтишотӣ 51 зан фаъолият менамояд. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вазифаҳои гуногун 1405 занон фаъолият доранд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ аз 163 корманд, 34 нафараш занон мебошанд.
Дар соли 2015, дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 8 ҳазор занону духтарон фаъолият мекунанд, ки аз он 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Аз 193 ҳазор кормандони соҳаи маориф 54,9% ё 106 ҳазор нафар, дар соҳаи тандурустӣ аз 88 ҳазор корманд, 66,5% ва ё 60 ҳазор нафарро занон ташкил мекунанд.
Дар бораи рушди тафаккури сиёсии занон ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳокимияти давлатӣ, интихоботи парлумонӣ шаҳодат медиҳад. Чунончи, шумораи занон баъд аз интихоботи соли 2005 ба Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар ва дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 -нафарро ташкил кард. Дар соли 2010 5 нафар занон узви Маҷлиси миллӣ ва 12 нафар вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.
Дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз 63 ҷой дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли, 12 ҷойи нишаст ба занон расида, аз шумораи умумии 32 нафар дар Маҷлиси миллӣ 6 нафар зан мебошанд, ки нисбатан 19% ва 18,7%ташкил кард.
Тавре ки мебинем, дар давраи сохибистиклолии кишвар бо ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ, мавқеъ ва нақши зани тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа торафт баланд гаштааст. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки зан-модари тоҷик як неруи бузурги созанда, тарбиятгари насли наврас, пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва мемонад.

Муовини сардори Раёсати омўзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон
н.и.с. Камолова М.Р.

Март 7, 2016 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бо ҷавонони фаъол ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш мулоқот доир шуд
«МАН БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Баргузории иқдоми ҷумҳуриявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сафи ихтиёриёнро зиёд намуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали ҳунармандон баргузор гардид
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир шуд
«МО, ҶАВОНОНИ ВАТАН СОЗАНДАЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шоми ҷавонӣ доир шуд
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоянд
Ҷаласаи дуюми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиш доир шуд
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 дар вилояти Суғд кумакҳои Пешвои миллатро тақдим намуд