Нашри луғатномаи тоҷикӣ-қирғизӣ
Мурғоб, 15.03.2016. (АМИТ»Ховар»).- Китоби тозанашр таҳти унвони «Тажик тили» рӯи чоп омад. Ин китоб барои аз худ кардани забони давлатии тоҷикӣ барои қирғизтаборони қаламрави ВМКБ тавсия шудааст. Муаллифи китоб Майрамбек Туйчиев буда, он зери назари доктори фанҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев ба табъ расидааст.
Ин аввалин дастури таълимӣ барои қирғизтаборон мебошад, ки барои муассисаҳои таълимӣ, дигар сохторҳои соҳаи маориф ва сокинони қирғиззабони вилоят, ки шавқи аз худ кардани забони тоҷикиро доранд, тавсия дода мешавад. Китоби «Тажик тили» аз ду қисм иборат буда, дар қисмати аввали он маълумот оид ба грамматика, фонетика, морфология ва синтаксиси забони тоҷикӣ оварда шудааст. Дар қисми дуюми он муҳовараи тоҷикӣ ва қирғизӣ ҷо дода шуда, он барои осон кардани муоширати шифоҳию хаттӣ ба забони тоҷикӣ мусоидат мекунад. Китоби мазкур бо дастгирии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷамантал» дар нашрияи ЛОГУС-и шаҳри Хоруғ чоп шудааст.
Агарчӣ касби аслии Майрамбек Тойчиев муҳандиси роҳ аст, аммо мегӯяд, ки аз кӯдакӣ ба забон ва адабиёти форсу тоҷик рағбати зиёде доштааст. Қабл аз ин шоири маҳаллӣ ғазалҳои Ҳофизи Шерозиро тарҷума ва ба нашр расонда буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






