Навгониҳо аз ФФТ

Март 5, 2016 09:55

Душанбе, 5.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Кумитаи иҷроияи ФФТ бо баргузор кардани ҷаласаи навбатии худ як қатор масоилро мавриди баррасӣ  қарор дод. Пеш аз ҳама ҷаласа ба хулоса омад, ки қарори пешинаи худро нисбат ба иштироки ҳатмии бозингари ҷавони то 19 сола дар ҳайати дастаҳои Лигаи олиро аз байн бардорад. Ба ҳамин минвол акнун мураббиён имкон доранд аз рӯи хости худ дар ҳайат беҳтаринҳоро ба бозӣ гузоранд.

Бо қарори ин ҷаласа Чемпионати 25-уми мамлакат рӯзи 8-апрел бо ширкати 11 даста шурӯъ хоҳад шуд. Қуракашии ҷадвали мусобиқот ба рӯзи 10 март вогузор гардид.

Дар масъалаи макони баргузории мусобиқа барои Ҷоми олии Тоҷикистон ҳамагӣ ба хулоса омаданд, ки он дар майдони бетараф гузаронида шавад. Соли ҷорӣ чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол” ва барандаи медалҳои нуқра “Хуҷанд” рӯзи 3 апрел дар варзишгоҳи Металлурги шаҳри Турсунзода дар ҳафтумин бозӣ барои Суперҷом бо ҳам вориди майдон мешаванд.

Ёвари сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Роман Пилипчук бо ҳидояти Кумитаи иҷроия ба вазифаи сармурабии тими мунтахаби Тоҷикистон(U-19), ки соли гузашта бо роҳбарии Салоҳиддин Ғафурров ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифта буд, интихоб гардид.

Дар ҷаласа ин чунин дигар масъалаҳои рӯзмарра ҳаллу фасл гардиданд.

Март 5, 2016 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад