Наврӯз дар СММ, Навоз Шариф ба Душанбе меояд, “Шоиронро нагузоред набӯсида ба хок”, – шарҳи матбуот
Душанбе, 25.03.2016 (АМИТ «Ховар»). – Рӯзҳои ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”, “Фараж”, “Самак”, “Оила” ва “Рекламная газета” нашр шуда, мақолаҳои ҷолибро пешкаши хонандагони худ намудаанд.
“Тоҷикистон” – дар саҳифаи дуюм аз ҷашн гирифта шудани Наврӯз дар Созмони Милали Муттаҳид хабар дода навиштааст: “Дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун, мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова ва намояндагони дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз – Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҳинд, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон ҳузур доштанд”. Мусоҳибаи хабарнигори ҳафтанома бо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба мавзӯи ҷашн гирифтан ва ё нагирифтани Наврӯз аз тарафи мусулмонон бахшида шудааст. Мақолаи дигари ҳафтанома таҳти сарлавҳаи «Stop Наврӯз» ҳамчунин ба мавзӯи мамнуъ эълон шудани ҷашни Наврӯз дар қаламрави Туркия, сабабу омилҳои гирифтани ин қарор ва оқибату пайомадҳои он нақл мекунад. Дар саҳифаҳои дигари ҳафтанома намунаҳои назму насри наврӯзӣ пешкаши хонандагон шудаанд.
Ҳафтаномаи “Фараж” мақолаҳои “Саратон” – оё омори бемории мазкур махфӣ аст?, “Шоиронро нагузоред набӯсида ба хок”, “Латифӣ қудрат намехост!”, “Хадамоти фармасевтӣ: ба ҳаромхӯрон ҷой нест”, “Калиди кохи маърифатро гум накунем!” ва андешаҳои инфиродии муаллифони алоҳидаро нашр кардааст. Ҳамчунин ҳафтанома аз сайругашти идонаи сокинони пойтахт фоторепортаж пешниҳод кардааст.
Ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотии “Самак” бахшида ба 80- солагии Отахон Латифӣ бо суоли “Нақши Латифиро дар журналистикаи тоҷик чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?” назарпурсӣ анҷом дода, андешаҳои коршиносонро пешкаши хонандагон намудааст. Мақолаи “Кори “Трансформатор” баҳона аст” ба мавзӯи ба фурӯш гузошта шудани саҳмияҳои ҶСК “Трансформатор”-и шаҳри Қурғонтеппа бахшида шуда, муаллиф навиштааст: “Солҳои 2012-2014 харидорони аслии ин корхона соҳибкорони вилоятҳои Тахор, Бадахшон, Қундуз ва Балхи Афғонистон буданд, аммо дар пайи нооромиҳо дар ин манотиқ равобити тиҷоратӣ гусаста шуд…”. Дар бахши таърихии ҳафтанома идомаи силсиламақолаҳои такрории Н.Давлат бо сарлавҳаи “Марги ду раиси ду вилоят аз дасти Сангак” чоп шудааст.
Ҳафтаномаи “Оила” мисли ҳамешагӣ аз ҳаёти хонаводагии одамони касбу кори гуногун навиштаҳо чоп карда, “Рекламная газета” эълони хариду фурӯши хонаву ҷиҳоз ва дигар маводи таблиғотиро нашр намудааст.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






