Наврӯзи донишҷӯён дар Қурғонтеппа

Март 25, 2016 11:16

Қурғонтеппа, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар).- Дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ҷашни Наврӯз бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ҳамаи факултаҳои донишгоҳ ба ин ҷашн омодагии хуб гирифта буданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ ба як гурӯҳ омӯзгорон ва донишҷӯён ифтихорнома ва мукофотҳои хотиравии донишгоҳ ва кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ тақдим гардиданд. Аз ҷумла, 3 омӯзгори донишгоҳ барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаҳои номзадӣ бо ифтихорнома ва мукофотҳои хотиравии кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ сарфароз шуданд. Ба 7 донишҷӯ ва роҳбарони илмии онҳо мукофотҳои хотиравии донишгоҳ тақдим гардиданд.
Ғолибони хони наврӯзӣ бо диплом ва мукофотҳои хотиравии Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ сарфароз шуданд. Дастаи ҳаваскорони донишгоҳ бо ҳунари хуби худ ҷашнро зеботар намуд.

Март 25, 2016 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»