«Наврӯзи маориф» дар «Боғи пойтахт»-и Душанбе

Март 22, 2016 11:53

душанбе, 22.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Тайи чанд рӯз аст, ки мардум дар фазои тантанавори кишвар Наврӯзи оламафрӯзро ҷашн гирифта истодаанд. Имрӯз низ бо ташабусси Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аҳли маорифчиён дар «Боғи пойтахт» ҷамъ омада, дастовардҳои толибилмонро пешниҳоди ҳозирин намуданд. Инчунин ҳунарҳои дастии худро аз қабили гӯлдӯзи, зардӯзӣ, кандакорӣ, дастархонҳои идона ороста, дар он тамоми хӯрокҳои миллати тоҷикро ба мараз гузоштанд.
Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 Олуфта Назарова, ки яке аз иштирокчии чорабинӣ буд, чунин гуфт; «Дар ин рӯзи фархунда ба мардум таъомҳои миллӣ, хусусан таъому хуришҳои баҳориро пешниҳод намудем, ки маҳсули дасти ҷавондухтарони муассиса аст. Тамоми ин маҳсулотҳоро аз сабзавотҳои худрӯйи Тоҷикистон омода намудаем, масалан аз пӯдина, шулха, қоқу ва ғайра. Ҳар нафаре, ки аз хӯрокҳо истеъмол мекунад, албатта бедард мешавад, зеро онҳо аз сабзавотҳо тайёр карда шудааст, ки аксари онҳоро дорӯ мегӯем. Мо омӯзгорон ҷонибдори суннатҳои миллии қадима ватанамон Тоҷикистон буда, ваъда медиҳем, ки фарзандони ин сарзаминро ба рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ тарбия менамоем»,-гуфт Олуфта Назарова.
Мавриди зикр аст, ки дар «Боғи пойтахт»-и шаҳри Душанбе сокинон аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон дар ин фазои идона ҷамъ омада аз хурд то бузург хушҳолӣ мекарданду мерақсиданд. Ҳар нафар бо рӯҳияи болида ин ҷашни аҷдодиро таҷлил менамуд.

Март 22, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик